Дизайни барномавӣ дар забони барномасозии PascalABC.Net. Аҳтам Назаров

Муаллиф: Аҳтам Назаров

Бахш: Илмӣ, Фанноварии иттилоотӣ

Барчасп: Барномасозӣ

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2019

Саҳифа: 233

Андоза: 3 МБ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбӣ ва барномасозон.


Асри XXI асри технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ буда, дар он омӯзиши забонҳои барномасозӣ ва сохтани барномаҳо нақши бениҳоят муҳимро мебозанд. Тавре медонем, забонҳои барномасозӣ аз системаи аломатҳо, нишонаҳо ва маҷмӯи калимаҳои калидие иборат мебошанд, ки амали муайянеро ба компютер нишон дода, барои фаҳмонидани алгоритм ба компютер истифода карда мешаванд. Ба калимаҳои калидӣ функсияҳо, операторҳо, фармонҳо ва дигар мафҳумҳои барномасозӣ дохиланд. Ҳар як забони барномасозӣ қоидаҳои синтаксисӣ ва калимаҳои калидии (хизматӣ) худро дорост. Қоидаҳо ва калимаҳои калидӣ дар вақти сохтани барнома барои компютер истифода бурда мешаванд. Синтаксис ва калимаҳои калидӣ ба барномасоз имкон медиҳанд, ки чӣ тавр бо истифода аз онҳо барномаи ҳалли масъаларо созад. Инчунин, дақиқан муайян намояд, ки бо истифода аз барномаи сохташуда компютер дар кадом ҳолат қарор мегирад, иттилоот чӣ тавр коркард мешавад, чӣ тавр сабт ва интиқол дода мешавад ва ниҳоят барнома бояд кадом натиҷаро диҳад. Истифодабарандаи барнома бошад, аз нуқтаи назари худ баҳо медиҳад, ки дизайни барнома чӣ гуна аст ва чӣ тавр коркард шудааст.


Калидвожаҳо: Китоби Дизайни барномави дар забони барномасозии PascalABC.Net, Ахтам Назаров, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)