Ганҷинаи Ғоронзамин (намунаҳои адабиёти шифоҳӣ)

Бахш: Адабиёти муосир

Барчасп: афсонаҳо, Бадахшон, Зарбулмасал, Рубоӣ, халқӣ, ҳаҷв

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2014

Саҳифа: 209

Андоза: 1 МБ

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ,
Дар асл макони номдорон астӣ.
Лаъл дар бағалу чашмаҳот мӯъҷизаанд,
Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.

Ноҳияи Ишкошими Бадахшони Тоҷикистон осорхонаи зиндаи забонҳои бостонии ҳиндуаврупоӣ аз қабили ишкошимӣ (рынӣ) ва вахонӣ (вахӣ ё khikwor) мебошад. Аммо бошандагони водии Ғорони ин ноҳия бо яке аз лаҳҷаҳои забони порсӣ – тоҷикии ҳозира гуфтугӯ ва муошират мекунанд. Мураттиб – созмони маҳаллии ҷамъиятии “Гулу гиёҳ” кӯшиш кардааст намунаи афсонаҳо, рубоиёту дубайтиҳо, нақлу ривоёт, зарбулмасалу мақолҳои сокинони Ғорони қисмати Тоҷикистон (як қисмати он дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон воқеъ аст) гирд оварда дар шакли як асари пурмазмун ба нашр расонад. Дар охири китоб луғати вожаҳо ва ибораҳои хоси лаҳҷаи ғоронӣ шарҳ дода шудаанд, ки аҳамияти онро барои пажӯҳишгарон дучанд кардаааст.

Китоб барои адабиётшиносон, этнографҳо ва оммаи васеи хонандагони соҳибзавқ ва фарҳангдӯст тавсия мешавад.


Калидвожаҳо: Китоби Ганчинаи Горонзамин (намунахои адабиёти шифохи), бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)