
География (фаъолияти инсон). Китоби дарсӣ барои синфи 11-ум.
Ҳанӯз аз замони олимони Юнони бостон Эратосфен ва Батлимус (Птолемей) то ба имрӯз география тӯли зиёда аз ду ҳазор сол барои инсоният содиқона хидмат расонд ва кумак кард, то одамон муҳити атрофро беҳтар донанд, дарк бикунанд, сарватҳои онро барои беҳбудии зиндагӣ истифода кунанд. Дар тӯли ин муддат география вазифаи «тавсифи Замин»-ро ба зимма дошт ва бо пешрафти он ҳудуди муҳити зист васеъ шуд. Ин илм далелҳои зиёдро фароҳам овард, ба тартиб даровард ва як соҳаи муҳими дониш – география («гео» – замин, «графо» – менависам)-ро барои одамон пешниҳод кард. Ин доираи фаъолият робитаи мутақобилаи инсон ва табиат, ҷамъият ва муҳити зиндагии он буд.
Калидвожаҳо: Китоби География (фаъолияти инсон). Синфи 11, География (фаьолияти инсон). Синфи 11, География (фаолияти инсон). Синфи 11, Алишер Чураев, Рисолат Ибрагимова, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)