География. Географияи материкҳо ва уқёнусҳо. Синфи 7. Абдулло Имомов ва дигарон

Муаллифон: Абдулло Имомов, Амриддин Самиев, Набӣ Қодиров, Раҳматшо Диловаров

Бахш: Китобҳои дарсӣ / Синфи 7

Барчасп: Ҷуғрофиё

Ношир: Гулнақш, Маориф

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2023

Саҳифа: 272

Андоза: 12 МБ

Китоби дарсӣ барои синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. – Нашри дуюм.


Ҳоло шумо китоби нави географияро дар даст доред. Дар ин китоб маълумоте вуҷуд дорад, ки барои ҳар як шахси маърифатнок зарур мебошад. Аз китоб оид ба табиати материкҳо, уқёнусҳо ва тарзи ҳаёти одамон дар кишварҳои гуногуни рӯйи Замин маълумот мегиред.

Сохтори китоб чӣ гуна аст? Дар китоб се фасл вуҷуд дорад, ки ҳар кадоми он аз якчанд мавзуъ иборатанд. Ҳар як мавзуъ дар худ оид ба масъалаи омӯхташаванда мазмуни муайян дорад. Ҳангоми хондани матнҳо онҳоро таҳлил кардан зарур аст. Ҷудо кардани чизи муҳим дар матн ва муайян кардани алоқамандиҳои он бо харита, расм ва нақшаҳо дониши шуморо меафзояд. Баъзе ҷойҳои матн бо хатти махсус навишта шудааст, ки онро ба осонӣ фарқ кардан мумкин аст. Ба ин қисми матнҳо диққат диҳед, зеро маҳз онҳоро дар хотир гирифтан лозим аст. Ба ғайр аз матн, дар китоб харитаҳои географӣ ҷой дода шудаанд, ки манбаи муҳими ба даст овардани донишҳои нав мебошанд.

Ба харитаҳо, расмҳо ва нақшаҳои китоб диққат диҳед. Онҳо бо матнҳо сахт алоқаманданд ва аз рӯйи онҳо маълумоти навро ба даст овардан мумкин аст. Хулосаи охири матнҳои китоб ба шумо маънои асосии мавзуи омӯхташавандаро дар шакли фишурда пешниҳод менамояд. Дар асоси онҳо шумо хулосаи худро бароварда метавонед. Аз рӯйи саволу супориш ва тестҳои китоб шумо дониши худро санҷида метавонед. Инчунин, саволу супоришро барои муҳокима ва суҳбат бо ҳамсинфон ва падару модарон истифода бурдан мумкин аст. Дар вақти кор бо китоб аз харитаҳои мавзуии атлас ва харитаҳои тарҳии он истифода бурдан хуб аст. Китобро эҳтиёт кунед. Барои навиштани он муаллифон заҳмати зиёд кашидаанд, меҳнати онҳоро қадр кардан лозим аст. Баъди хатми омӯзиши георафияи материкҳо ва уқёнусҳо китобатонро дар китобхона нигоҳ доред ё ба хонандагоне, ки соли оянда ин фанро меомӯзанд, туҳфа кунед. Мо бисёр хурсанд мешавем, агар шумо китобро самаранок истифода баред.

Ба шумо барор мехоҳем.

Муаллифон


Калидвожаҳо: Китоби География. Географияи материкхо ва укёнусхо. Синфи 7, Абдулло Имомов, Амриддин Самиев, Наби Кодиров, Рахматшо Диловаров, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)