Геометрия (ибтидои стереометрия). Синфи 10. Боймурод Алиев

Муаллиф: Боймурод Алиев

Бахш: Китобҳои дарсӣ / Синфи 10

Барчасп: Ҳандаса

Ношир: Офсет

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2011

Саҳифа: 172

Андоза: 4 МБ

Геометрия (ибтидои стереометрия). Китоби дарсӣ барои синфи 10.


Китоби мазкур аз рӯи «Барномаи геометрия барои синфҳои 10- 11» (2011), ки онро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барномаи таълимии давраи гузариш ба мактаби 12-сола маъқул донистааст, бо назардошти Консепсияи миллии маълумот, талаботи Стандарти давлатии маълумот аз математика, навишта шудааст. Амалан мундариҷаи китоб аз доираи барномаи геометрия васеътар буда, қариб тамоми маводи таълимиро аз фанни геометрия барои синфи 10-уми мактабҳои тамоили табиию риёзӣ дар бар мегирад. Китобро инчунин дар гимназияҳо, литсейҳо ва литсейҳои муштарак ба сифати китоби дарсӣ низ истифода кардан мумкин аст.

Китоб аз 7 параграф иборат аст. Дар параграфҳои 1-4-и он аксиомаҳои стереометрия ва алоқаи онҳо бо аксиомаҳои планиметрия, ҷойгиршавии байниҳамдигарии нуқтаҳо, хатҳои рост ва ҳамвориҳо, тавсифҳои гуногуни ин ҷойгиршавиҳо ва алоқаи байни онхо (параллелӣ; перпендикулярӣ; масофаи байни нуқтаҳо, хатҳои рост, ҳамвориҳо; алоқаи байни муносибатҳои параллелӣ ва перпендикулярӣ; кунҷи байни хатҳои рост ва ҳамвориҳо) баён карда шудааст. Ин мавод як кисми ибтидои стереометрияро ташкил дода, қисми душворфаҳми геометрияи мактабӣ аст. Душвориаш дар он зоҳир мегардад, ки дарки мафҳумҳо, тасвияҳо ва исботи онҳо сатҳи баланди тасаввуроти фазоги доштанро талаб карда, масъалаҳояш асосан хисобӣ нестанд. Яъне ҳалли масъалаҳо аз сохтанҳо ва исботҳо иборат мебошад.


Калидвожаҳо: Китоби Геометрия (ибтидои стереометрия). Синфи 10, Боймурод Алиев, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)