
Анварӣ Ғазалиёт. Ахтарони Адаб, ҷилди 18. (Мунтахаби ашъори шоирони нимаи аввали асри XI). Баргардон, пешгуфтор ва таҳияи Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадов ва Ширинбону Ҳаитова.
Алӣ Авҳадуддин Анварӣ яке аз чеҳраҳои намоёни адабиёти классикии тоҷик ба шумор рафта, бо эҷоди қасоид, қитаъот, маснавӣ ва ғазалиёти дилангези худ намунаи беҳтарини адабиёти классикиро муаррифӣ менамояд.
Анварӣ дар қасидасароии форсу тоҷик мақоми пешвоӣ ва мартабаи «пайғамбарӣ» дорад. Қасидаҳои ӯ аз ҷиҳати мӯҳтаво ва шаклу мазмун диққати муҳаққиқони худию хориҷиро ба худ ҷалб намудаанд.
Ин ҷо тасмим гирифтем, ки дастагуле аз гулзори ашъори шоир ба дӯстдорони шеъру адаб пешкаш намоем.
Калидвожаҳо: Китоби Газалиёт (Ахтарони Адаб, 18), Али Авхадуддин Анвари, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)