Гули санг. Баргузидаи ашъор ва осори насрии шоиру нависандагони кӯҳис­тони Нурато

Бахш: Адабиёти муосир, Назм, Наср, Ҳикоя, Шеър

Барчасп: Мақола

Давлат: Узбакистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2020

Саҳифа: 312

Андоза: 3 МБ

Мураттиб ва муҳаррир: Юнуси Имомназар, адиб, узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон


Аз назари маъмурию расмӣ деҳаҳои Эҷ (ҳамроҳ бо Сойхурд ва Симбулоқ), Соб, Синтаб ба ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ, деҳаҳои Моҷарм, Андагин, Ӯхм, Ҳоят, Асраф, Порашт ба ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах ва деҳаи Устук ба ноҳияи Қӯшработи вилояти Самарқанд тааллуқ доранд. Агарчи деҳоти ёдшуда дар таркиби се вилояти мухталиф ҳастанд, таърих, забону адабиёт ва фарҳанги онҳо бояд тавъам, таҳти унвони тоҷикони кӯҳистони Нурато омӯхта шаванд. Далели қотеъи ин пешниҳод он аст, ки мардуми қаторкӯҳи Нурато аз замони пайдоиши худ то ба ҳол дар канори ҳам зиндагӣ карда, дорои расму оин, одоту одоби мушобеҳу яксохт мебошанд ва забони модарии онҳо ягона аст – тоҷикӣ (форсӣ). Бо мурури чандин садсола рафтуомади муттасил, додугирифти ҳамешагӣ, забони ноби порсӣ, ҳамхонии шинухез ва ҳар гуна фарҳанги мардумӣ дар ин деҳаҳои кӯҳистонӣ устувор боқӣ мондааст ва бо ҳамин тавъамӣ идома меёбад.

Аз ин рӯ, китоби «Гули санг» намунаҳои боризи назму насри эҷодкорони кӯҳистони Нураторо дарбар мегирад. Бояд гуфт, ки шоиру нависандагони ин кӯҳистон миллат ва диёри худро дар ҷаҳони назму насри форсизабонҳо рӯнамоӣ мекунанд. Онҳо ба мисли гули санг аз дили кӯҳистони сахту санглох падид омада нашъунамо меёбанд, асарҳои мондагор меофаранд, ба афзудани обрӯ ва шукӯҳи диёри худ мусоидат менамоянд.

Китоби мазкур бо фаро гирифтани ашъору осори насрии беҳтарин адибони кӯҳсори Нурато ба доираи васеи хонандагон, ба одамони касбу кори гуногун, донишомӯзу донишҷӯён ва ҳар касе, ки завқу иштиёқ ба каломи ноби бадеӣ дорад, пешниҳод мегардад.

Китоб мутобиқи имлои «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (Душанбе, «Шарқи озод», 2013) омодаи нашр гардид.


Калидвожаҳо: Китоби Гули санг. Баргузидаи ашъор ва осори насрии шоиру нависандагони кухис­тони Нурато, Гули санг. Баргузидаи ашьор ва осори насрии шоиру нависандагони кухис­тони Нурато, Гули санг. Баргузидаи ашор ва осори насрии шоиру нависандагони кухис­тони Нурато, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)