Химия. Синфи 11. Ғуломқодир Бобизода ва дигарон

Муаллифон: Ғуломқодир Бобизода, Мардон Собиров, Ҳушанг Собиров

Бахш: Китобҳои дарсӣ / Синфи 11

Барчасп: Кимиё

Ношир: Маориф, Нашри Файз

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2023

Саҳифа: 320

Андоза: 21 МБ

Китоби дарсӣ барои синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри дуюм.


Китоби манзури назар дар асоси стандарти давлатии таҳсилот ва барномаи таълимии тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Китоб аз ҳашт боб иборат буда ба мавзуъҳои муҳимми фанни химия бахшида шуда аст.

Боби 1 ба Қонуни даврӣ ва системаи даврӣ бахшида шудааст, ки дар он сохти қабатҳои электронии атом, конфигуратсияи электронии атомҳо ва тавсифи элементҳои химиявӣ вобаста ба мавқеашон дар системаи даврӣ муфассал баррасӣ шудаанд.

Боби 2 дар бораи сохти модда ва системаҳои дисперсӣ буда, дар он мавзуъҳои ҳосилшавии бандҳои ковалентӣ, ионӣ, ҳосилшавии бандҳои донору аксепторӣ дар мисоли пайвастаҳои органикию ноорганикӣ ва ҳосилшавии системаҳои гуногуни дисперсӣ баррасӣ шудаанд. Дар ин боб инчунин маълумоти муфассал дар бораи панҷараҳои кристаллӣ, вобастагии хосияти моддаҳо ба навъи панҷараи кристалли ва пайвастаҳои комплексӣ оварда шудаанд. Татбиқи амалии пайвастаҳои комплексӣ ва системаҳои дисперсӣ махсус қайд шудаанд.

Боби 3 дар бораи назарияи сохти химиявии моддаҳои органикӣ аст. Дар он навъҳои гуногуни изомерия ба монанди изомерияи геометри, изомерияи вобаста ба гурӯҳҳои амалкунанда, изомерияи ҳалқаи бензолӣ ва изомерияи фазой баррасӣ шудаанд. Инчунин дар ин боб муҳимтарин қоидаҳо ва реаксияҳои химияи органикӣ, табиати электронии бандҳои химиявӣ, таснифи моддаҳои органикӣ ва синтезҳои муҳимми саноатӣ дар асосӣ маҳсулоти коркарди нафт низ ба диққати хонанда пешниҳод мешаванд.

Боби 4 ба синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ бахшида шуда дар он роҳҳои ҳосил кардани полимерҳо: реаксияҳои полимеризатсия, тарокуми мукаррар (поликонденсатсия) ва ҳосилшавии масолеҳи гуногун бо истифода аз ин реаксияҳо баррасӣ шудааст. Дар ин боб инчунин таснифи моддаҳои пластикӣ, роҳҳои истеҳсоли зифти фенолу формалдехидӣ, шишаи органикӣ, каучуҳои синтезӣ, бартарӣ ва камбудиҳои нахҳои синтезӣ баён гардидаанд.

Боби 5 ба реаксияҳои химиявӣ бахшида шуда, дар он масъалаҳои таснифи реаксияҳои химиявӣ, қонуниятҳои тағйирёбии суръати реаксияҳои химиявӣ, мувозинати химиявӣ, катализ баррасӣ мешаванд. Дар ин боб мавзуи ҳидролиз ҳам дар химияи ноорганикӣ ва ҳам дар химияи органикӣ муфассал дарҷ шудааст.

Боби 6 мухтаси нометаллҳо мебошад ва дар он вижагиҳои номе- таллҳо бо мисолҳои гуногун, васеъ баррасӣ шудаанд. Инчунин дар ин боб дар бораи пайвастаҳои химиявии нометаллҳо дар мисоли оксид- ҳои онҳо ва кислотаҳои оксигендор сухан меравад. Дар ин ҷо робитаи генетикии байни моддаҳои ноорганикӣ низ нишон дода шудааст.

Боби 7 ба металлҳо ихтисос дода шудааст. Дар ин ҷо сухан дар бораи таърихи кашф, хосиятҳо, истеҳсол ва истеъмоли доираи васеи s-, р-, d- ва f-металлҳо меравад. Дар ин боб инчунин намунаҳои ҳалли масъалаҳои мураккаби ҳисобӣ пешкаш шудаанд.

Боби 8 ба накши химия дар ҳаёти ҷомеъа бахшида шуда дар он мавзуъҳои муҳимтарини истеҳсолоти химиявии Тоҷикистон ба монанди истеҳсоли алюминий, карбиди калсий ва роҳҳои гидрометаллургии истеҳсоли металлҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта аст. Дар ин боб инчунин дар бораи ҳифзи муҳити зист, нақши химия дар ҳаёти инсон ва химиякунонии соҳаи кишоварзӣ сухан меравад.

Бояд қайд кард, ки дар ин китоб кўшиш шудааст, то ҳадди имкон ҷумлаҳои душворфаҳм истифода нашаванд, яъне, матн хеле фаҳмотар аст. Дар айни замон кӯшиш шуда аст, ки дар матни китоб маълумоти навтарин дар бораи истифодаи техникии дастовардҳои илмӣ ҷой дода шаванд ва маълумоти овардашуда аз ҷиҳати илмӣ бештар асоснок бошанд. Азбаски истилоҳоти ягонаи тасдиқшудаи химиявӣ то имрӯз қабул нашудааст ҳангоми пешниҳоди истилоҳоти «нави» тоҷикӣ муодили пешинаи онҳо низ оварда шудаанд. Муаллифон итминон доранд, китоби пешниҳодшуда аз нуқсон орӣ буда наметавонад ва интизоранд, ки хонандагони ҳушманду мутахасисон барои бартараф кардани камбудиҳои ошкоршуда фикру мулоҳиза ва маслиҳатҳои муфиди худро барои фаҳмотару беҳтар гардонидани китоб дареғ нахоҳанд дошт.


Калидвожаҳо: Китоби Химия. Синфи 11, Гуломкодир Бобизода, Мардон Собиров, Хушанг Собиров, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)