
Китоби дарсӣ барои синфи 9-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри 5-ум.
Омӯзиши химия дар синфи 9-ум зинаи дуюми омӯзиши он мебошад. Дар китоби мазкур мутобиқ ба Стандарти давлатӣ ва барномаи таълимии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои синфи 9-ум тасдиқшуда маълумот оид ба мавзуъҳои: диссотсиатсияи электролитӣ, қонуниятҳои асосии реаксияҳои химиявӣ, хосиятҳои физикӣ ва химиявии элементҳои гурӯҳчаҳои оксиген, карбон, гурӯҳчаҳои асосии гурӯҳҳои I-III, оҳан ва хром – ҳамчун намунаҳои элементҳои гурӯҳчаҳои иловагии ҷадвали даврии Д. И. Менделеев ва пайвастагиҳои онҳо, инчунин хосиятҳои умумии металлҳо, маълумоти асосӣ оид ба металлургия, синфҳои асосии пайвастаҳои органикӣ маълумот дода шудааст.
Дар омӯзиши мавзуъҳои химияи элементҳо ва пайвастагиҳои онҳо бештар ба намояндагони аввали гурӯҳчаҳои номбаршуда диққат дода шудааст, ки ин ба аҳаммияти бештари илмӣ ва амалӣ доштани онҳо алоқаманд мебошад. Масалан, дар омӯзиши элементҳои гурӯҳчаи оксиген маълумот оид ба оксиген ва сулфур, дар омӯзиши гурӯҳчаи нитроген бошад, маълумот бештар оид ба нитроген ва фосфор пешниҳод гардидааст. Дар мавзуъҳои омӯзиши металлҳо бошад, оид ба намояндагони паҳншудатарин ва муҳимтарини онҳо – натрий, калий, калсий, алюминий, хром, оҳан ва пайвастаҳои онҳо, карбоҳидрогенҳои сер, носер ва ароматӣ, спиртҳо, алдегидҳо, эфирҳо, карбогидратҳо ва пайвастаҳои онҳо бештар диққат дода шудааст.
Ин нашри панҷуми китоб буда, дар он нисбат ба нашри солҳои 2001, 2007 ва соли 2013 бо дархости мутахассисону омӯзгорон ва хонандагон корҳои амалӣ оид ба ҳалли мисолҳо, масъалаҳо ва иҷрои таҷрибаҳои химиявӣ, инчунин расму диаграммаҳо дохил карда шудаанд. Дар мавзуи металлургия бошад, оид ба саноати химиявии Тоҷикистон ва захираҳои ашёи хоми табиӣ аҳаммияти махсус дода шудааст.
Калидвожаҳо: Китоби Химия. Синфи 9, Лутфулло Солиев, Сирочиддин Хокимхочаев, Хошим Иброхимов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)