
Химияи органикӣ. Китоби дарсӣ барои синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.
Шумо бояд нағз донед он маълумотҳое, ки ҳангоми омӯзиши фанни химияи органикӣ пайдо мекунед, на фақат барои баҳо гирифтан ё имтиҳон супоридан лозим мешаванд, балки онҳо, инчунин дар фаъолияти меҳнатӣ ва корҳои ҳаррӯзаатон ба шумо кӯмак мерасонанд. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон эътироф шудааст, ки ҳаёт ва фаъолияти солими инсон ба ҳолати муҳити зист вобаста мебошад. Ҳолати ногувори экологии табиат дар баъзе мавзеъҳо аз надонистани дастовардҳо ва риоя накардани қонуниятҳои асосии химия аз тарафи одамон сар мезанад. Бинобар ин, ҳар як инсон, навобаста ба касбу кораш, бояд бо асосҳои химия шинос бошад, чунки нигоҳ доштан ва тараққӣ додани тамаддуни ҷаҳонӣ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Китоби дарсии мазкур асосан барои равияи табиӣ навишта шудааст, вале муаллимону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар равияҳо (гуманитарию ҷамъиятӣ ва риёзию иқтисодӣ) низ метавонанд аз ин китоб истифода намоянд.
Калидвожаҳо: Китоби Химияи органики. Синфи 10, Гуломкодир Бобизода, Рустам Киматзода, Сирочиддин Бандаев, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)