Хирмани сухан. Баргузидаи ҳикояҳои адибони ӯзбек ба забони тоҷикӣ. Китоби якум

Бахш: Адабиёти муосир, Наср, Ҳикоя

Давлат: Узбакистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2019

Саҳифа: 212

Андоза: 1 МБ

Мутарҷим ва мураттиби китоб: Юнуси Имомназар.


Насри ӯзбек дар давоми сад соли охир на танҳо дар хиттаи Осиёи Миёна ҳамчунин дар миқёси ҷаҳонӣ ба наҳви аҳсан шинохта шудааст. Дар пешрафти он бештар аз чаҳорсад нафар адиб бо осори каму беши худ саҳм гузоштаанд. Дар канори достонҳои кӯтоҳ даҳҳо қиссаю романҳои ӯзбекӣ ба забонҳои гуногун тарҷума шуда дастраси дӯстдорони адабиёт гардидаанд. Аз ҷумла, хонандаи тоҷик низ бо беҳтарин намунаҳои насрии ӯзбек ошно аст.

Ин китоб бо саъю эҳтимоми адиб ва мутарҷими нозукбин Юнуси Имомназар фароҳам омада, бар замми шарҳи мухтасари зиндагию осори сӣ тан нависандаи шинохтаи ӯзбек намунаҳо аз ҳикояҳои эшонро дарбар мегирад. Таҳияи чунин як маҷмӯаи осори баргузида бори аввал сурат мегирад ва дар оянда низ ин иқдом идома хоҳад ёфт. Китоби мазкур ба сифати як хрестоматияи адабӣ барои такмили дарсҳои адабиёти донишомӯзон ва ба хонандагони синну соли гуногун пешниҳод мегардад.


Калидвожаҳо: Китоби Хирмани сухан. Баргузидаи хикояхои адибони узбек ба забони точики. Китоби якум, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)