Хуросон аст ин ҷо. Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ

Муаллиф: Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ

Бахш: Адабиёти муосир

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2005

Саҳифа: 362

Андоза: 2 МБ

Оҳ, оҳ, агар мо ҳама ин нуктаҳои барҷастаро, балки бештар аз инро медонистем ва медонистем, ки сарчашмадори забони форсии дарӣ — забони аҳли биҳишт, забони париён, забони зиндасоз ва зинданигоҳдори Аҷам, забони пирӯз бар ғосибони араб, наҷибзодагоне мисли Низомӣ, забони рӯҳияи Алломаи Иқбол мо, ба истилоҳ эрониёни шарқӣ будаем, яъне Бухорову Самарқанду Балху Хуросон маҳди зоишу болишу густариши ин забон будаанд, имрӯз онро ба чунин хорӣ, забунӣ, паршикастагӣ, бемоягӣ ва бебизоатӣ намекашондем ё дасти кам то метавонистем, намегузоштем, ки соҳибони ғамхору дилсӯзе аз Маскав ё дигар ҷойҳо ё аз миёни қаламшикастагону забонгумкардагони худбехабару худобехабари манфиатҷӯи паллабини бумӣ пайдо кунад ва онро ба се шоха — форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ аз ҳам ҷудо кунанд, ба он боз шоху шохчаҳое бибанданд ва ҳар кадомро ҷудо биёмӯзанд ва гоҳ-гоҳ миёни онҳо монандиҳое кашф кунанд…

Порчае аз пешгуфтори устод Лоиқ Шералӣ ба китоби «Хуросон аст ин ҷо»-и Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ
Ношир: Бунёди Оли Сомон


Калидвожаҳо: Китоби Хуросон аст ин чо, Мухаммадчони Шакурии Бухорои, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)