
Китоб барои дарсҳои тарбиявии хонандагони синфҳои 1 – 2-юми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
Бачаҳои азиз!
Пеш аз ҳама шумо бояд роҳи ҳаракати худро аз хона то ба мактаб хуб донед. Ҳангоме ки падару модар ё ягон одами наздикатон шуморо аз хона то дари мактаб гусел мекунанд, диққат диҳед, ки аз куҷо шуморо аз роҳ мегузаронанд, дар куҷо чароғи роҳнамо гузошта шудааст, ҳангоми фурӯзон будани кадом ишораи чароғи роҳнамо роҳро гузаштан мумкин аст, аз куҷо роҳро гузаштан хатарнок аст ё қатъиян мумкин нест. Зеро баъзан мавридҳое мешаванд, ки падару модар ва ё онҳое, ки ҳар рӯз шуморо то ба мактаб меоранд, бо ягон сабабе корашон мебарояду шуморо ба мактаб бурда ё аз мактаб ба хона оварда наметавонанд ва шумо танҳо ба мактаб меравед ё аз мактаб ба хона меоед. Дар ин маврид ба шумо донистан ва риоя кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ёрӣ мерасонанд.
Умедворем, ки шумо қоидаҳои ҳаракат дар роҳро омӯхта, ба онҳо ҳангоми ҳаракат дар роҳ риоя мекунед ва ба хоҳарону бародарони худ низ омӯхта, риояи онҳоро талаб менамоед. Бо ин восита шумо пеши роҳи ҳар гуна ҳодисаҳои нохуши нақлиётиро
гирифта, ҳифзи ҳаёти солими худ ва бародарону хоҳарони худро таъмин менамоед.
Н. Зайниддинзода
Калидвожаҳо: Китоби Коидахои харакат дар рох. Синфи 1-2, Н. Зайниддинзода, Х. Мунавваров, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)