
Ман ва Пул: ба мисли сарватмандон андешидан. Аз силсилаи «Фалсафаи мӯрчагон»
Ин китоб ба Шумо ёрӣ мерасонад, то бифаҳмед, ки пул метавонад барои Шумо кор кунад, на Шумо барои пул. Он мадад мерасонад, ки Шумо тарзи фикррониатонро дигар кунед, роҳҳои дигари пулкоркуниро дида тавонед ва бо кам сарф кардани вақт истеъдоди пул кор карда тавонистани худро инкишоф диҳед. Китоб барои Шумо роҳи озодии пулиро мекушояд.
Китобе, ки дар даст доред, дар заминаи таҷрибаҳо навишта шуда, дар он хулосаи роҳи тайкардаи ман барои ба дастоварду комёбиҳо соҳиб шудан баён гардидааст. Ин китоб як навъ фишурдаи он донишҳои андӯхтаам мебошад, ки устодон ба ман омӯхтаанд. Устодон ба ман кӯмак карданд, то хеле аз ҳақиқатҳои муҳими зиндагиро бифаҳмам, ба худ боварӣ пайдо кунам ва мушкилотеро рафъ созам, ки дар роҳи пуршебу фарози зиндагӣ кам нестанд. Ман бачаи одие будам, ки дар замонҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ ва бозсозӣ бо сабаби пардохта натавонистани маблағ ду донишгоҳро тарк намудам. Дар тӯли ҳаёт тадриҷан хатоҳоямро дарк намуда, аз тачрибаи рӯзгор баҳраманд мегаштам. Аз ин сабаб таҷрибаҳое, ки дар ин китоб баён шудаанд, барои ба худ боварии бештар пайдо кардани хонандаи он ва барои бехато ба мақсад расидан ёрӣ мерасонанд.
Калидвожаҳо: Китоби Ман ва Пул: ба мисли сарватмандон андешидан, Саидмурод Давлатов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)