Китоби дарсӣ барои синфи 10.
Хонандаи азиз! Китоби «Маърифати оиладорӣ» аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015 сарчашма гирифта, ба муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар кишвар ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун китоби таълимӣ ворид карда шудааст. Таълими маърифати оиладорӣ хонандагонро ба мафҳуми оила, мавқеъ ва вазифаҳои он дар ҷамъият, никоҳ, ташкили оила, танзими муносибатҳои оилавӣ ва дигар хусусиятҳои хосси ҳаёти оилавӣ шинос намуда,барои омода гардидани ҷавонон ба ҳаёти мустақили
оиладорӣ мусоидат менамояд.
Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.
Дар татбиқи талаботи сиёсати иҷтимоию фарҳангии давлати Тоҷикистон се омили асосӣ – ҷомеа, мактаб ва оила бояд дар ҳамбастагии зич фаъол бошанд, то ки насли наврасу ҷавони кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ ва таҳаммулу мадоро тарбият ёбанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
Калидвожаҳо: Китоби Маърифати оиладори. Синфи 10, Маьрифати оиладори. Синфи 10, Марифати оиладори. Синфи 10, Латофат Назирова, Нодир Амонов, Хуррам Рахимзода, Шермухаммад Ёрмухаммадзода, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
