
Маснавии маънавӣ: Дафтари севум ва чорум (Ахтарони Адаб, ҷилди 24). Ҳайати мушовара ва таҳририяи 50-ҷилдаи осори классикон ва муосирон аз силсилаи «Ахтарони Адаб». Бар асоси матни Р. Николсон ва муқобила бо нусхаҳои дигар. Таҳия, танзим ва баргардони матн: Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Баҳриддин Ализода ва Мубашшир Акбарзод.
Ҳикмат ва илми асрори илоҳӣ сипоҳиёни Парвардгоранд, ки бад-он рӯҳи муридонро нерӯ мебахшад. Дониш онҳоро аз шоибаи нодонию додгарӣ, онҳоро аз шоибаи ситаму бахшандагӣ, онҳоро аз шоибаи риёву бурдборӣ, онҳоро аз шоибаи бехирадӣ пок мекунад ва он чиро аз дарёфти охират аз эшон дур аст, ба эшон наздик месозад ва он чиро аз ибодату кӯшиш дар роҳи Ҳақ бар онҳо душвор аст, осон мекунад. Ва ин гуна ҳикмат натиҷаи суханони равшани паёмбарон ва далойили онҳо дар исботи вуҷуди Парвардгор аст, суханону далойиле, ки аз асрори Парвардгор огоҳӣ медиҳад ва аз қудрати ӯ, ки ин огоҳӣ аз асрору салтанати илоҳӣ вижаи мардони дилогоҳ аст ва низ ҳамон баййиноту далойил моро огоҳ мекунад, ки Парвардгор чӣ гуна он осмони нуронии равшан ба нури Худои раҳмон ва дурахшанда чун донаи марворидро мегардонад, осмони нуронӣ, ки бар ин осмони тираи гӯймонанд ҳоким аст, ҳамон гуна ки хирад бар ин суратҳои хокию ҳавосси зоҳиру ботини мавҷудот фармон меронад, бинобар ин гардиши он осмони рӯҳонӣ (лоҳут) бар ин осмони дудию тира бар шиҳобҳои дурахшону ситорагони равшан ва насимҳои ҳаётбахшу заминҳои густарда ва обҳои равони даруни он фармон меронад…
Эй Зиёулҳақ Ҳусомуддин! Биёр
Ин севум дафтар, ки суннат шуд се бор.
Баргушо ганҷинаи асрорро,
Дар севум дафтар биҳил аъзорро.
Қувватат аз қуввати Ҳақ мезаҳад,
Н-аз уруқе, к-аз ҳарорат меҷаҳад.
Ин чароғи шамс, к-ӯ равшан бувад,
Н-аз фатилу пунбаву равған бувад.
Сақфи гардун, к-ӯ чунин доим бувад,
Н-аз танобу устуне қоим бувад.
Қуввати Ҷабрил аз матбах набуд,
Буд аз дидори халлоқи вуҷуд.
Ҳамчунон, ин қуввати абдоли Ҳақ
Ҳам зи Ҳақ дон, н-аз таъому аз табақ.
Ҷисмашонро ҳам зи нур исриштаанд,
То зи рӯҳу аз малак бигзаштаанд.
Чунки мавсуфӣ ба авсофи ҷалил,
З-оташи амроз бигзар чун Халил.
Гардад оташ бар ту ҳам «барду салом»,
Эй аносир мар мизоҷатро ғулом.
Ҳар мизоҷеро аносир моя аст
В-ин мизоҷат бартар аз ҳар поя аст.
Ин мизоҷат аз ҷаҳони мунбасит,
Васфи ваҳдатро кунун шуд мултақит.
Эй дареғо, арсаи афҳоми халқ
Сахт танг омад, надорад халқ ҳалқ.
Эй Зиёулҳақ! Ба ҳазқи рои ту,
Ҳалқ бахшад сангро ҳалвои ту.
Кӯҳи Тур андар таҷаллӣ ҳалқ ёфт,
То ки май нӯшиду майро барнатофт.
«Сора даккан минҳу ваншаққа-л-ҷабал,
Ҳал раъайтум мин ҷабал рақса-л-ҷамал?»
Луқмабахшӣ ояд аз ҳар кас ба кас,
Ҳалқбахшӣ кори Яздон асту бас.
Ҳалқ бахшад ҷисмрову рӯҳро,
Ҳалқ бахшад баҳри ҳар узват ҷудо.
Ин гаҳе бахшад, ки иҷлолӣ шавӣ,
В-аз дағову аз дағал холӣ шавӣ
То нагӯйӣ сирри султонро ба кас,
То нарезӣ қандро пеши магас.
Калидвожаҳо: Китоби Маснавии маънави: Дафтари севум ва чорум (Ахтарони адаб, 24), Маснавии маьнави: Дафтари севум ва чорум (Ахтарони адаб, 24), Маснавии манави: Дафтари севум ва чорум (Ахтарони адаб, 24), Чалолуддини Балхи, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)