Ба номи Худованди бениҳоят бахшанда ва бениҳоят меҳрубон
Дар масири таърихи дини мубини Ислом уламо ва донишмандони зиёде дар масоили маърифати ҳақ ва раҳнамоии башар барои расидан ба саодати ҷовидонӣ хидмати беандоза кардаанд. Онҳо тимсоли ситорагоне буданд ва ҳастанд, ки ҳар яке дурахши ҷудогонае доранд. Дар ин миёна ахтари тобоне ба исму фаъолияти Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит маъруфу машҳур ба Имоми Аъзам (р) рабт дорад, ки дар ҷаҳони Ислом мақому манзалат ва ҷойгоҳи бузургеро дорост. Ин абармарди олами Ислом тавассути бунёди як мазҳаби бузург кулли арзишҳои диниро ба нафъи бахту саодати банӣ башар равона кард, фитнаву ихтилофҳо ва дарки нодурусти муҳтавои андешаи диниро аз байн бурд ва такя бар илму хираду фазилатро болонишини ҳама афкору аъмоли инсонӣ қарор дод.
Калидвожаҳо: Китоби Муснади Имом Абуханифа, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
