Навҳаи асп (Масал ва ҳикояҳо барои бачаҳо, наврасон ва ҷавонон). Гулчеҳра Муҳаммадиева

Муаллиф: Гулчеҳра Муҳаммадиева

Бахш: Адабиёти бачагона, Адабиёти муосир, Ҳикоя

Барчасп: Барои наврасон

Ношир: Адиб

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2016

Саҳифа: 96

Андоза: 2 МБ

Ба адабиёти шумо бачагон, рӯ оварданам ду сабаб дорад.

Рӯзе набераам – Мукаррама, ки синфи панҷ мехонад, гила кард:

– Бибиҷон, чаро шумо барои калонсолон менависеду барои мо бачаҳо не? Ман мехоҳам китобҳои шуморо ба ҳамсинфонам бурда диҳам, ки онҳо хонанд ва ман ба ифтихор бигӯям, ки ин кас бибии мананд.

Сабаби дуюм фестивали Ҷумҳуриявии ҳафтаи китоби кӯдакона буд ва моро ҳамчун меҳмон даъват карданд. Дар вохӯрӣ ва суҳбатҳо муаллимон шикоят мекарданд, ки шоиру нависандагон, мегӯӣ, бачаҳоро фаромӯш карда бошанд, китобҳои бачагона намерасанд, кам менависанд, навиштаҳо низ мушкили чоп доранд.

Ҳамин шуду бо нияти барои шумо асар навиштан қалам ба даст гирифтам. Китоби «Ишораабрӯ» иборат аз масалҳо маҳз барои шумо рӯи чоп омад. Китобе ки ҳоло дар даст доред, бачагони азиз, ба ҳисоби туҳфаи дуюми ман аст ба завқи рӯяндаи зебои шумо.


Калидвожаҳо: Китоби Навхаи асп (Масал ва хикояхо барои бачахо, наврасон ва чавонон), Гулчехра Мухаммадиева, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)