Монография ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ вобаста ба сабукгардонии меҳнати истифодабарандагони MS Word бо татбиқи пайвандгузориҳо равона гардидааст. Дар он пайвандгузориҳо зимни рақамгузорӣ ва номгузории объектҳо, бобу бахшҳои мавод, сохтани мундариҷаи электронӣ ва рӯйхати адабиёт татбиқи худро ёфтаанд. Методикаи рақамгузориҳо бо татбиқи пайвандҳо коркард шудааст, ки истифодаи он меҳнати истифодабарандагонро хеле сабук мегардонад. Монография ҳам аҳамияти назариявӣ ва ҳам аҳамияти амалӣ дошта, аз он донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯёни дараҷаи илмӣ, омӯзгорони МТО ва М ва кормандони илмӣ васеъ истифода бурда метавонанд. Инчунин, хонандагон ва шавқмандон аз монографияи мазкур метавонанд самаранок истифода баранд.
Калидвожаҳо: Китоби Назария ва амалияи сабукгардонии мехнати истифодабарандагони протсессори матнии Microsoft Word (Монография), Ахтам Назаров, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
