ПЕШГУФТОР АЗ МУҲАРРИР
Адабиёт на танҳо инъикоси воқеият, балки ҷаҳоншиносӣ, худшиносӣ ва равзанае ба сӯйи маънавият ва кашфиёти ботинии инсон аст. Романи «Оворагард», ки аз ҷониби нависандаи соҳибистеъдод ва эҷодкори нуктасанҷ – Манижа Саидисломзода офарида шудааст, маҳсули тафаккури амиқ, эҳсоси нозук ва ҷаҳонбинии бекарони ӯ мебошад.
Манижа Саидисломзода яке аз бонувони фарзонаю хеле донишманди миллат аст, ки месазад аз ӯ ифтихор бикунӣ. Барои камина ӯ аз зумраи чеҳраҳои дурахшони фарҳангӣ ва адабии замони мо ба шумор меравад. Дониши фарогир ва забондонии ҳирфаӣ олами ботинии ӯро ғанӣ гардонидааст. То он ҷойе, ки огаҳӣ дорам, ӯ забонҳои тоҷикӣ (порсӣ), русӣ, инглисӣ ва олмониро дар сатҳи олӣ медонад ва бо забонҳои модарӣ, русӣ ва инглисӣ шеър менависаду асарҳо эҷод мекунад. Мавсуф шоир, нависанда, рӯзноманигор, сиёсатшинос, равоншинос аст ва боз дигар ҳунарҳое дорад, ки ӯро миёни хосу ом мутамайиз мегардонад.
Вале бо ин ҳама ҳунару истеъдод, Манижа шахси хеле хоксору фурӯтан аст ва ҳамин хоксориаш мақому манзалати ӯро баланд мегардонад. Ба қавли устод Қутбӣ Киром:
Хоксорӣ то ба қутбат мебарад рӯзе рафиқ,
Ман ба хокихислатон бисёр бовар мекунам.
Манижа олами ботинию ҷаҳони вижа ва хисолу атвори ба худ хосро дорад, вале ин барои шахсиятҳое, ки қобилияту истеъдоди фавқулода доранд, падидаи маъмулист, зеро жарфои андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии ғайримаъмулӣ дар маҳдудаи тартиботу меъёрҳои муқарраршуда намеғунҷад.
Вақте ки бо чунин фарзандони Меҳан шиносоӣ пайдо мекунам, дар зеҳнам андешае хутур мекунад: “Миллате, ки дар сиришту фитраташ асолату наҷобат аст, боз фарзандоне ба дунё меорад, ки ҳамин рисолати вориси шоистаи ниёгони худ буданро идома хоҳанд дод.”
Романи “Оворагард”-и Манижа Саидисломзода асари хеле ҷолибу хонданбоб аст. Банду баст, шеваи баён, руҷуъҳои равоншинохтӣ ва андешарониҳои мутафаккирона, ки аз камоли истеъдод ва рушди зеҳнии нависандаи ҷавон шаҳодат медиҳанд, ҳама дилчаспу дилнишинанд.
«Оворагард» дуюмин асари Манижа аст, ки пас аз романи нахустинаш – «Маҳин» ба хонандагон пешкаш мегардад. Ин китоб, ки самараи мушоҳида ва андешаҳои шахсии муаллиф мебошад, хонандаро ба сафари маънавие мебарад, ки дар он муҳаббат, садоқат, мубориза бо мушкилот ва ҷустуҷӯйи саодати ҳақиқӣ дар меҳвари сужаи асар қарор доранд.
Қаҳрамонҳои роман бо содагии хос ва дили софу мубарро, бо шикасту пирӯзиҳои худ зина ба зина назди хонанда ошно мешаванд. Муаллиф бо жарфнигарии моҳирона ба ҷаҳони ботинии инсон ворид мешавад ва отифаю эҳсосот, биму ҳарос, умеду орзуҳо ва пиндору рафтору гуфтори онҳоро бо забони салису равон ва шевою зебо ба риштаи тасвир мекашад.
«Оворагард» на танҳо достони як фард, балки инъикоси зиндагии воқеӣ, шинохти арзишҳои инсонӣ ва ҷустуҷӯйи маънии зиндагӣ аст. Муаллиф бо ҳассосияти баланд муносибати инсон бо муҳит, ҷомеа ва худи ӯро дар зеҳни хонанда ба тарзи хеле таъсирбахш ва фаромӯшнопазир
наққошӣ мекунад.
Манижа Саидисломзода бо андешарониҳои ҳикматомезу ҳикматомӯзи худ собит месозад, ки нависанда будан танҳо пеша нест, балки рисолат ва масъулияти бузург аст. Ӯ бо каломи нобу андешаи баланд арзишҳои инсонӣ ва маънавиро ҳифз намуда, барои хонандагонаш чароғи ҳидоятро рӯшан месозад.
Итминони комил дорам, ки «Оворагард» на танҳо ҷойгоҳи хос дар адабиёти муосири мо пайдо хоҳад кард, балки дар қалби ҳар як хонандаи боҳушу андешаманд ҷойгузин хоҳад шуд. Мо аз Манижа як нависандаи ояндадор ва тавоною забардастро умедворем ва ин нукта мусаллам аст, ки чунин ҳам хоҳад шуд. Воқеан, бонувони нависанда дар адабиёти мо ба нудрат вомехӯранд. Аз ин лиҳоз, месазад, ки ҳунари нависандагии Манижа Саидисломзодаро ба ваҷҳи аҳсан пазироӣ намоем, то ӯ кори худро дар ин масир бо андешаи сабзу дили гарм идома бидиҳад.
Бо эҳтиром,
Бустоналӣ Холиқзода,
муҳаррири масъул
Калидвожаҳо: Китоби Оворагард (роман), Манижа Саидисломзода, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
