Рӯшноинома. Носири Хусрав

Муаллиф: Носири Хусрав

Бахш: Адабиёти классикӣ

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2015

Саҳифа: 63

Андоза: 569 КБ

Ҳозиркунандаи чоп ва муаллифи сарсухан: Манзаршоҳ Қадамшоев. Муҳаррир: Ҷумъа Беҳронов.


САРСУХАН

Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ яке аз чеҳраи намоёни адабиёти классикии форсии тоҷикӣ маҳсуб мешавад, ки умри пурбаракати худро дар давраи пурошӯбтарини таърихӣ ва низоъҳои мазҳабӣ-динӣ сипарӣ намудааст. Замони зиндагии шоир ба яке аз давраҳои ниҳоят мураккабу ноором ва пур аз кашмакашиҳои сиёсӣ ва ҳукмронии сулолаҳои аҷнабӣ дар сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр рост меояд, аммо ин абармарди сухан тавонист дар чунин давраи пуризтироби таърихӣ осори пурарзишеро барои такомули илму фарҳанги миллию мазҳабӣ ва адабии адабиёти форсии тоҷикӣ боқӣ гузошт. Маҷмӯи осоре ки дар Юмгон Ҳаким Носири Хусрав эҷод кардааст, бисѐр бой ва пурмуҳтаво мебошад. Осори назмӣ ва насрии шоир аз инҳо иборатанд: «Зод-ул-мусофирин», «Ваҷҳи дин», «Кушоиш ва раҳоиш», «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Хон-ул-ихвон», «Девони ашъор» «Далел-ул-мутаҳайирин», «Бӯстон-ул-уқул», «Мифтоҳ ва мисбоҳ», «Ихтиёр-ул-имон», «Лисон-ул-олам», «Рӯшноинома», «Саодатнома» ва ғайра.

Баъзе асарҳои шоир, ки зикр шудаанд, танҳо дар сарчашмаҳо омадаанд, вале то замони мо нарасидаанд аз онҳо танҳо ном бурда шудасту халос.

Маснавии «Рӯшноинома», ки шомили девони шоир аст, дар вазни ҳаҷази мусаддаси маҳзуф таълиф гардида, теъдоди абёти ин маснавӣ, тибқи чопи Теҳрон (1305 ҳиҷрӣ), 559 байт ва мувофиқи чопҳои дигар 592 байтро дар бар мегирад. Бино ба қавли шоир, маснавии мазкур дар як ҳафта таълиф гардидааст ва таърихи анҷоми он якуми моҳи шавволи соли 460 ҳиҷрӣ (1049 мелодӣ) будааст. Мувофиқи фаслҳои маснавӣ ва мавзӯю мундариҷааш ин асарро ба муқаддима, дар тавҳиди Худованд, ақли кулл, офариниши олам, чигунагии аносир ва маволид, инсон ва мақоми он дар байни дигар мавҷудоти олам, муносибат ба шеъру шоирӣ ва хотима тақсим кардан мумкин аст.

Аз муҳтавои мундариҷавии “Рӯшноинома”и ӯ маълум мегардад, ки он бозтоби ҳамон осори мансури Носири Хусрав аст ва мавзӯъву мундариҷаи он дар меҳвари масъалаҳои матраҳшуда дар “Зод-ул-мусофирин”, “Ҷомеъ-ул-ҳикматайн”, “Хон-ул-ихвон” ва соири онҳо аз қабили масъалаҳои офариниши ҷаҳону инсон, тавҳид, ақли кул ва нафси кул, инсон ва мақоми ӯ дар миёни махлуқоти олам ва ғайра мечархад.

Ба қавли худи Носири Хусрав, агар осори дигарон зодаи табъ бошад, “Рӯшноиномаи” ӯ зодаи фикр аст ва ҳадафи аслии он таълиму тарғиби ахлоқӣ, фалсафӣ ва мазҳабист. Аслу моҳияти ҳадафи шоир ҳанӯз дар қисмати муқаддимавии “Рӯшноинома” барои хонанда равшан мегардад, зеро муқаддимаи анъанавии Носири Хусрав низ чун маснавиҳои дигари адабиѐти форсӣ “ба сужет бевосита пайваст нест, вале аз маъною мақсади бадеии асар ва аз нияти эҷодии шоир ҳам канда нест”. Ба ин маънӣ муқаддимаи “Рӯшноинома”, ки аз қисматҳои “Ифтитоҳи Рӯшноинома”, “Фасл фӣ насиҳати”, “дар тавҳиди бори Субҳонаҳу ва Таъоло”, иборат аст ва суханро аз “Худованди тану ақлу равон” оғоз мекунад. Чун маснавии “Рушноинома” то ҳол ба таври алоҳида дастрас нашудааст ва дар дохили “Девони ашъор” ҷой дорад, бинобар ҳамин тасмим гирифтем, ки ин асари нодирро барои ҳаводорони каломи мавзун ва дӯстдорони шеъру сухан пешкаш намоем. Нусхаи мазкури маснавии “Рӯшноинома” аз се нусхаи асли девон: Девони форсӣ, бо тасҳеҳи Сайид Насруллоҳи Тақво, Сайид Ҳасани Тақизода ва Муҷтабо Минавӣ ва девонҳои тоҷикӣ бо кӯшиши Амрияздони Алимардон ва Нуриддини Амиршоҳӣ мураттаб гардидааст.

Маснавии” Рушноинома” агар чи аз ҷиҳати ҳаҷм хурд бошад ҳам, вале аз рӯи мавзӯъ ва мазмун хеле фарох ва домандор буда, масъалаҳои фалсафиро мавриди баҳс қарор додааст.

Дар ҳозир кардани китоб ба чоп саҳми олимони ҷавон ва умедбахш Ҷумъа Беҳронов ва Ёдгор Додихудоев ниҳоят калон буда, барои онҳо низ сипос ва ташаккуроти самимонаи худро мерасонем. Дар охир, дуогӯи он ҳастем, ки Худованди таборак ва таоло чашми басирати хонандаи ин маснавиро боз намояд, то ба дарк ва фаҳм он бирасад.

Манзаршоҳ Қадамшоев


Калидвожаҳо: Китоби Рушноинома, Носири Хусрав, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)