Аз пайи Инқилоби Октябр, ки дар Русия ба вуқӯъ пайваста буд, авоили солҳои бистуми асри XX дар сарзамини Аморати Бухоро низ табаддулоти куллии сохти кишвардорӣ ба амал омад. Дар ин маҳдудаи таърихӣ сабку равишҳои зиндагӣ, ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳатто эътиқоду ҷаҳонфаҳмии мардум дигаргун шуд. Агар то ин дам парчами сабзи Ислом эҳтизоз дошт, бо мурури вақт байрақи сурхи Ҳукумати Шӯроҳо ҷойгузини он гардид.
Дар китоби мазкур низ воқеаю ҳодисаҳои ҳамин давраи гузариш, ки ҳудудан даҳ солро фаро мегирад, табаддулоти зеҳнию иҷтимоии одамон, одоб ва расму оинҳои алоқаманд бо нигориши бадеӣ баён шудаанд. Муаллиф дар мисоли персонажҳои фаровон, алалхусус, дар симои як нафар муллои таҳсилкарда, ки бо ҷаҳонбинӣ ва тафаккуру андешаҳои худ боқӣ мемонад ва бародари омӯзгори ӯ, ки ба ҳаёти нав созгор мешавад, сужаи асар ва гиреҳкушоии рӯйдодҳоро тасвир менамояд.
Қобили зикр аст, ки бо далели асари бадеӣ будан, исми персонажҳо, номи маҳалҳо (ба ҷуз шаҳрҳои бузург) ва ҳамчунин густариши воқеаю саҳнаҳои офаридашуда маҳсули тахайюлоти нависанда аст. Яъне, воқеияти бадеӣ мазмун ва мундариҷаи асар аст, на исмҳо.
Ин китоб ба хонандагони синну соли мухталиф пешниҳод мегардад.
Китоб мутобиқи имлои «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (Душанбе, «Шарқи озод», 2013) омодаи нашр гардид.
Калидвожаҳо: Китоби Сабзу сурх: роман, Юнуси Имомназар, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
