Садри Бухоро. Чопи дувум. Бо тасҳеҳ, такмил ва иловаҳо.
Аз нигоранда
Ин китоби мо дар бораи Шарифҷон-махдуми Садри Зиёст (1865-1932). Номи Садри Зиёро Садриддини Айнӣ ба илм дохил кард. Аз нахустин таърихномаи устод Айнӣ, ки «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» ном дошта, таълифаш 17 феврали 1918 ба поён расидааст, дар чандин асари ӯ маълумоти муҳимме дар бораи Садри Зиё омадааст.
Устод дар китоби «Таърихи инқилоби Бухоро» (1920), «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам» (1940) ва ҷилди дувуму севуму чаҳоруми «Ёддоштҳо» ( 1948- 1953) дар бораи Садри Зиё бо эҳтироми тамом ва меҳру муҳаббат сухан ронда, маълумоти нодире овардааст, ки назири онро аз ҳеҷ сарчашмаи таърихии дигар, ҳатто аз навиштаҳои худи Садри Зиё наметавон пайдо кард. Аз ин ҳама ахбори гаронбаҳо, ки дар осори устод Айнӣ дар бораи Садри Зиё ҳаст чеҳраи шукӯҳманди як равшанфикри барҷаста ва маорифпарвари фаъол, ки дар ҳаёти ӯ идеалҳои олии маорифпарварии тоҷикӣ аз баъзе ҷиҳатҳо хеле мукаммал ифода ёфтааст, намоён мегардад. Аз ин ахбори Айнӣ нишебу фароз ва печутоби роҳҳои ҳаёти Садри Зиё, зиддияту ихтилофоти шахсияти барҷастаи ӯ ва фоҷиаҳои даҳшатангезе низ падид меояд. Агар аз нигоштаҳои устод Айнӣ ин ахбори парокандаи ибратомӯзро гирд биёварем ва бо андак шарҳу эзоҳе онҳоро ба ҳам пайвандем, барои пажӯҳишгарон дар баъзе мавридҳо бештар аз осори худи Садри Зиё аҳамият хоҳад дошт.
Лаҳзаҳои асосии зиндагии Садри Зиё дар нигоштаҳои Айнӣ сабт шудаааст.
Калидвожаҳо: Китоби Садри Бухоро (дар бораи Шарифчон — махдуми Садри Зиё), Мухаммадчон Шакурии Бухорои, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
