Санъати тасвирӣ. Китоби дарсӣ барои синфи 5-6-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри сеюм.
Хонандагони азиз, вазифаи асосии санъати тасвирӣ аз омӯзиши инкишофи сатҳи маърифат ва зебопарастӣ омода намудани хонандагон иборат мебошад. Ҳангоми таълими фанни санъати тасвирӣ бо тарзи тасвир, фаъолияти эҷодӣ, намудҳо ва жанрҳои санъати тасвирӣ ва асарҳои рассомони ҷаҳон шиносоӣ пайдо мекунед. Инчунин дар рафти иҷрои амалӣ ба тарзҳои конструктивӣ, фарқияти шакли маводди таълимӣ, тасвир аз асл, тарзи ҷобаҷогузории тасвир дар рӯйи коғаз, фарқияти дурахшонии тобиш ва силсилаи рангҳо, тарзи дурнамоии маводҳо дар тасвирро аз худ мекунед. Барои
иҷрои кори амалӣ аз китоби дарсӣ, ки дар он иҷрои намудҳои гуногуни ҳунари рассомӣ тавсия шудааст, ба шумо ёрӣ мерасонад. Шумо дар баробари шиносоӣ бо жанрҳои гуногуни ин ҳунар малакаву маҳорати корӣ ва рассомии худро дар рафти иҷрои супоришҳо боз ҳам такмил медиҳед. Кӯшиш кунед, ки дар иҷрои ҳар як амал эҷодкорӣ нишон диҳед. Бо ёрии омӯзгор ба осорхонаҳо, намоиши асарҳои рассомон рафта, бо нозукиҳои асарҳои рассомони машҳур аз наздик ошно шавед. Чунин фаъолият ба шавқу ҳавас ба эҷодкорӣ, навоварии шумо ёрӣ мерасонад.
Калидвожаҳо: Китоби Санъати тасвири. Синфи 5-6, Саньати тасвири. Синфи 5-6, Санати тасвири. Синфи 5-6, Бойназар Бойназаров, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
