«Савти Истиқлол» нахустин маҷмӯаи Афсар Сармад буда, аз шеърҳо ва манзумаҳо иборат аст. Муаллиф эҳсоси дилашро дар мавзӯъҳои гуногуни зиндагӣ бо қолаби назм самимона изҳор кардааст.
БА ҶОИ ПЕШГУФТОР
Афсар Сармад иқтисодчӣ буда, аз рӯи ихтисоси худ пурсамар фаъолият дорад. Ин дилбастаи адабиёт дер боз шеър мегӯяд. Намунаҳои эҷодаш дар рӯзномаҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ борҳо ба табъ расидаанд.
фсар ин бор шеъру манзумаҳои худро дар шакли китоби алоҳида бо номи «Савти истиқлол» пешкаши Шумо, хонандагони арҷманд, мегардонад. Ӯ аз пешаи пурзаҳмати суханварӣ огаҳӣ дошта, мекӯшад, ки дар ҳар шеъру манзума сухани тозаи худро гӯяд. Вай то кадом дараҷа ба ин муваффақ шудааст, худ хонда баҳо медиҳед. Фақат гуфтанием, ки дар навиштаҳои Афсар байту бандҳои хотирмон кам нестанд. Дар мавзӯъҳои муқаддас ва ҷовидонии адабиёт дар шаклҳои гуногуни шеърӣ бо самимият сухан гуфтааст. Ҳамин ҷиҳати ашъораш моро ба комёбиҳои ояндааш умедвор мегардонад. Бовар дорем, ки минбаъд бисёртар меомӯзад, таҷрибаи кофӣ ҳосил мекунад ва моро бо навиштаҳои тозааш шод менамояд.
Сайидалӣ МАЪМУР, Шоири халқии Тоҷикистон
Калидвожаҳо: Китоби Савти Истиклол (мачмуи шеърхо), Савти Истиклол (мачмуи шеьрхо), Савти Истиклол (мачмуи шерхо), Афсар Сармад, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
