Шаҳзодаи хурдакак. Антуан де Сент-Экзупери

Муаллиф: Антуан де Сент-Экзупери

Бахш: Адабиёти бачагона, Адабиёти ҷаҳон

Барчасп: афсонаҳо

Ношир: Адабиёти бачагона

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2020

Саҳифа: 96

Андоза: 28 МБ

Аз русӣ тарҷумаи Талъат Нигорӣ


Нависандаи номии Фаронса ва ҳавопаймои касби Антуан де Сент-Экзупери соли 1944 дар синни 44-солагӣ ҳангоми парвози ҷангӣ ҳалок шудааст. Ӯ ҳавопаймои ҳарбии кашф буд. Антуан ҳамеша мехост, қаҳрамонҳои асарҳояш дар зиндагӣ ҳам қаҳрамони ҳақиқӣ бошанд. Ӯ қаҳрамонҳояшро чун одамони дорои қувваи бузурги ботинӣ, ки барояшон мафҳумҳои масъулиятшиносӣ, талаботи баланди ахлоқӣ нисбати худу дигарон чизҳои воқеианду, ҳамеша ба ҷонфидоӣ тайёранд, тасвир мекард. Худ низ ҷонфидо гардид. Фидокори роҳи озодии ватанаш аз фашизм.

Асарҳои Антуан де Сент-Экзупери «Ҳавопаймои хаткашони ҷануб», «Парвози шабона», «Сайёраи мардумон», «Ҳавопаймои ҳарбӣ», «Мактубе ба гаравгон», афсонаи «Шаҳзодаи хурдакак» номи ӯро машҳури ҷаҳон ва абадӣ гардониданд.

Афсонаи «Шаҳзодаи хурдакак»-ро Экзупери соли 1942 дур аз ватан дар Ню-Йорк навиштааст. Ин китоб бори аввал дар ҳамон ҷо, соли 1943 аз чоп баромад.

Ҳоло «Шаҳзодаи хурдакак», ки «афсонаи бачагона барои калонсолон» аст, ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шудааст.

«Шаҳзодаи хурдакак»-и Антуан де Сент-Экзупери афсонаест барои калонсолон, ки бо оҳанги кӯдакона, бо сабке, ки хоси фаҳмиши бачаҳост, навишта шудааст.


Калидвожаҳо: Китоби Шахзодаи хурдакак, Антуан де Сент-Экзупери, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)