Шоирон ва шоҳон (Чаҳор мақола). Низомии Арӯзии Самарқандӣ

Муаллиф: Низомии Арӯзии Самарқандӣ

Бахш: Адабиёти бачагона, Адабиёти классикӣ

Ношир: Адиб

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2005

Саҳифа: 28

Андоза: 17 МБ

Ному насаби пурраи муаллифи «Чаҳор мақола» Аҳмад ибни Умар ибни Алӣ Ан-Низомӣ Ал-Арӯзӣ Ас-Самарқандӣ будааст.

Вай ҳаштсад сол пеш аз даврони мо, яъне дар асри XII ҳаёт ба сар бурдааст.

Низомии Арӯзӣ ҳамчун донишманд дар замо­наш обрӯю эътиборе ба худ дошт ва аҳли қаламу аҳли шамшер баробар эътирофаш кардаанд. Бино ба маъхазҳои таърих, ки ба замони мо расидаанд, Низомии Арӯзӣ яке аз шоирони маш­ҳури ҳамон давр ва донандаи илми шеър буда, дар баробари он санъати дабирӣ, яъне котибиву номанависӣ ва фанҳои тиббу нуҷумро хело хуб медонистааст.

Маълум ки чунин шахси доно ва эҷодкор бояд асарҳои зиёде таълиф карда бошад. Аммо он асарҳо имрӯз дастрас нестанд. Ё дар ҷангу ҷидолҳо нобуд шудаанд ва ё зери чанги фаромӯшӣ мондаанд. «Чаҳор мақола» ягона ёдгорест аз ин марди фозил ва чанд ҳикоят аз ин китоби куҳан ва бағоят қиматбаҳо манзури шумо мешавад, то хонеду би­донед, ки бобоёнатон илму адабро то ба кадом поя­ҳо қадр мекардаанду азиз медоштаанд.


Калидвожаҳо: Китоби Шоирон ва шохон (Чахор макола), Низомии Арузии Самарканди, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)