PDF
Султони қалбҳо (Аҳмад Зоҳир). Султони Ҳамад
Дар бораи китоб
Китоб бори аввал соли 2005 ба нашр расида буд. Инак бо хоҳиши алоқамандони садои ин хунёгари нотакрор нашри дуввуми он бо тағйироту иловаҳои зиёде ба чоп мерасад. Хонанда маълумоти тозаеро аз ин китоб дар бораи зиндагиномаи Аҳмад Зоҳир, пайвандон ва осори ӯ дастрас хоҳад кард. Муаллиф бо диди тоза ба суруду таронаҳои ӯ назар карда дар ин самт таҳлилҳои ҷолиберо бо дарназардошти корҳои дигар муҳаққиқони осори Аҳмад Зоҳир пешкаши хонанда месозад. Дар қисмати замимаи китоб низ тағйироту иловаҳои ҷиддӣ ворид карда шудаанд. Тақрибан тамоми аксҳои китоб бори аввал ба нашр мерасанд. Инъикоси мавзӯи маҳбубияти Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон аз таваҷҷӯҳи муаллиф канор намондааст. Феҳристи таронаҳои Аҳмад Зоҳир ва шуарое, ки матни таронаҳояшро овозхон аз осори онҳо интихоб кардааст, то ҳадди имкон мукаммал гардонда шудааст.