PDF
Бурхи Валӣ - дӯсти Худо. Султон Ҳамадов
Дар бораи китоб
Ин китобро ба падари бузургворам Ҳамади Пирак (рӯҳаш шод бод) ва модари меҳрубонам Ҳадисаи Одина, ки ишқу муҳаббати Ватанро дар тору пуди ҷонам ҷой кардаанд, мебахшам.
Дар китоб дар баробари овардани қиссаву ривоятҳо, шеъру достонҳо ва андешаҳои таҳлилӣ дар бораи ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ, инчунин назаре ба таърихи водии Вахё, як гӯшаи биҳиштосои Ватани азизамон, таърихчаи силсилаи эшонҳои Ёзғанд, силсилаи эшонҳои Арзунк, дигар мазорҳои маъруфи ин минтақа, шахсиятҳои маъруфи таърихӣ ва мазҳабии ин диёр андохта шудааст. Китоб барои оммаи васеи хонандагони синну сол ва касбу кори гуногун пешниҳод мешавад.
Хонандаи азиз, нахуст мехоҳам бигӯям, ки ҳарчанд китоб "Бурхи Валӣ дӯсти Худо" номгузорӣ шуда бошад ҳам, вале сухан дар он танҳо дар бораи ҳазрати Бурхи Сармасти Абдоли Валӣ - ин чеҳраи дар адабиёти классикиии мо, махсусан адабиёти ирфонӣ, хеле маъруф, намеравад. Шумо, хонандаи азиз, дар баробари гирифтани иттилои наву тоза дар бораи ин бузургвор ва шахсияти вай, боз маълумоти муфассалеро дар бораи Вахё, минтақае, ки марқади ин дӯсти Худо он ҷо воқеъ аст, дар бораи табиат, таърих ва мардуми наҷиб ва дигар авлиёи он ба даст оварда метавонед.