Аҳтам Назаров
Аҳтам Назаров
таваллуд 21.01.1969
12 китоб дар китобхона

Дар бораи муаллиф

Назаров Аҳтам Пулотович (тав. 21 январи соли 1969, шаҳри Ваҳдат) — доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи технологияи рақамӣ ва амнияти киберии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 1991 шуъбаи математикаи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст; дар давраи донишҷӯӣ сазовори стипендияи Ленинӣ гардида буд. Фаъолияти омӯзгориашро ҳанӯз аз айёми донишҷӯӣ ҳамчун омӯзгори математика ва информатика оғоз карда, солҳои зиёд дар мактабҳои шаҳри Ваҳдат дарс гуфтааст; дар соҳаи бонкдорӣ низ ба ҳайси сармуҳандис-барномасоз ва директори департаменти технологияи иттилоотӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2015 дар кафедраи технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии ДДОТ ба номи С. Айнӣ муаллими калон, дотсент, профессор ва мудири кафедра буд.

Соли 2012 рисолаи номзадӣ ва соли 2023 рисолаи докториашро аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 — методикаи таълими математика ва информатика ҳимоя намудааст. Аввалин ва ягона олимест, ки дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам рисолаи номзадӣ ва ҳам рисолаи докториашро аз рӯйи ду ихтисос — методикаи таълими математика ва методикаи таълими информатика ҳимоя кардааст.

Эҷодгари методи Пулот — методи санҷиши объективонаи дониши хонандагон аз фанҳои математика, информатика ва физика бо ёрии компютер, ки бе иштироки омӯзгор баҳогузорӣ мекунад ва имкони кӯчонидани натиҷаҳоро намедиҳад. Ин метод берун аз Тоҷикистон — дар Россия, Белорус ва Узбекистон низ эътироф гардидааст. Соҳиби 15 шаҳодатнома ба ҳуқуқи муаллифии барномаҳои компютерӣ мебошад.

Муаллифи зиёда аз 200 кори илмию методӣ, 20 китобу дастури таълимию методӣ, 3 китоби дарсӣ ва 4 монографияи илмӣ, аз ҷумла китоби дарсии калонҳаҷми «Методикаи таълими информатика» (ягона дар Осиёи Марказӣ), «Барномасозӣ ва дизайни барномавӣ дар забони PascalABC. Net», «Барномасозӣ ва дизайни барномавӣ дар забони C++ Builder» ва дастури методии «Ибтидои барномасозӣ дар забони Python».

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китобхои Ахтам Назаров ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).

Китобҳои муаллиф

Дидани ҳама (12) →