Суруд ва мусиқӣ. Синфи 4. Ҷӯрахон Обидпур

Муаллиф: Ҷӯрахон Обидпур

Бахш: Китобҳои дарсӣ / Синфи 4

Барчасп: Суруд ва мусиқӣ

Ношир: Маориф, Полиграф Групп

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2022

Саҳифа: 104

Андоза: 15 МБ

Суруд ва мусиқӣ. Китоби дарсӣ барои синфи 4-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри 4-ум.


Шукри истиқлол, ки бо қадами муборакаш ба ҷумҳурии мо дар ҳама соҳаҳои зиндагӣ имкониятҳои васеъ ва баҳри сайқали истеъдоду лаёқат заминаҳои мусоид фароҳам овард. Бо назардошти ин падидаи муҳим мо тасмим гирифтем, ки омӯзиши фанни суруд ва мусиқиро дар сатҳи дигар ва шакли нав барои хонандагон ба роҳ монем, зеро мусиқӣ ба инсон дар ҳама лаҳзаҳои зиндагӣ мунису ҳамдам буда, ба ӯ қуввату дармон мебахшад.

Мусиқӣ дар ҳаёти инсон нақши муҳим дорад. Ҳеҷ як ҷашн ва иду айём бе мусиқӣ баргузор намешавад. Суруд шодию нишот ба кас рӯҳи тозаву илҳоми нав мебахшад. Дар ҳолатҳои душвор мусиқӣ инсонро ба зиндагӣ дилгарм месозад ва ба роҳи рост хидоят мекунад. Омӯзиши зебоиву нафосат ва тарбияи зебоишиносии хонандагон, рушди зебопарастӣ ва ташаккули маърифатнокиву фарҳангшиносии онҳо низ ба фанни суруд ва мусикӣ вобаста аст.


Калидвожаҳо: Китоби Суруд ва мусики. Синфи 4, Чурахон Обидпур, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)