Суруд ва мусиқӣ. Синфи 5. Асрор Алиев ва дигарон

Китоби дарсӣ барои синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.


СУРУДИ МИЛЛӢ – САДОИ ДИЛИ МАРДУМИ ТОҶИК

Жанри «суруди миллӣ» дар мусиқӣ моҳиятан ба «суруди тантанавӣ» ё «мадҳия» наздик аст. Мазмунан, он ба васфи Ватан бахшида мешавад. Вале он талаботи мушаххаси дигарро низ дорад. Суруди миллӣ ҳамеша бояд оммафаҳм бошад ва аз тарафи мардум хуб қабул гардад. Аз ин рӯ, шеъру оҳанги он хеле ифоданок ва мазмунан волост. Ҳар давлат суруди миллии худро дорад. Имрӯз барои ифодаи жанри «суруди миллӣ», дар арсаи байналмилалӣ калимаи «гимн» бештар истифода мешавад. Маънои ин калимаи лотинӣ – «суруди тантанавӣ» аст. Таърихи пайдоиши ин жанри мусиқӣ аз давраҳои қадим манша мегирад.

Мардуми фарҳангдӯсти тоҷик аз қадимулайём ба суруди миллии худ муносибати муқаддас дошт. Тоҷикон ҳамчун мардуми қадими ориёӣ, Ватан, фарҳанг, ақлу хирадро ҳамеша мепарастиданд. Дақиқан ҳамин сифатҳои миллати тоҷик дар суруди миллӣ инъикос мегардиданд. Бо мурури замон сурудҳои миллӣ иваз шуда, вобаста ба давру замон аз сари нав эҷод мегардиданд.

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шеъри шоири маъруфи тоҷик Гулназар ва оҳанги композитор Сулаймон Юдаков инъикос ёфтааст.


Калидвожаҳо: Китоби Суруд ва мусики. Синфи 5, Асрор Алиев, Сафарали Сатторов, Султонали Худойбердиев, Фарогат Азизи, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)