Табиатшиносӣ. Синфи 4. Ибодулло Абдуллоев ва дигарон

Табиатшиносӣ (Олами атрофи мо). Китоби дарсӣ барои синфи 4-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ


Хонандагони азиз! Инак, китоби навбатӣ аз силсилакитобҳои «Табиатшиносӣ» (Олами атрофи мо) пешкаши шумо мегардад. Китоби мазкур низ чун китобҳои пешин ба шумо оид ба ашёву ҳодисаҳои олами атроф маълумот медиҳад. Дар китоб шумо бо бахшҳои гуногун кор карда, донишу малакаи худро сайқал медиҳед. Шумо ҳангоми омӯзиши китобҳои дарсии «Табиатшиносӣ» (Олами атрофи мо) дар синфҳои поёнӣ аллакай бо ин бахшҳо кор кардаед ва таҷрибаи кофӣ доред.

Китобро самаранок истифода баред. Ҳангоми истифодаи китоб эҳтиёткор бошед, дар варақҳо хат накашед ва саҳифаҳои онро надаронед. Зеро барои омода кардани китоби дарсии шумо муаллифону ноширон заҳмати зиёд кашидаанд. Инчунин, фаромӯш накунед, ки соли таҳсили оянда аз ин китоб хонандагони дигар низ истифода мебаранд.

Ба шумо барор мехоҳем!

Муаллифон


Калидвожаҳо: Китоби Табиатшиноси. Синфи 4, Ибодулло Абдуллоев, Комилшо Исоев, М. Табаруков, Мухиддин Зиёев, Наби Кодиров, Сайфиддин Давлатзода, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)