
Тарбияи ҷисмонӣ. Китоби дарсӣ барои синфҳои 10-11.
ДУСТОНИ АЗИЗ!
Шумоён мехоҳед, ки солиму қавӣ ва обутобёфта ба воя расида, бо тамоми ҳастӣ баҳри беҳбудии ватанамон меҳнат карда ва агар лозим шавад барои ҳимояи он бархезед. Воситаи асосии ин бешубҳа тарбияи ҷисмонӣ мебошад.
Тарбияи ҷисмонӣ баҳри мустаҳкамгардонии саломатӣ ва инкишофи имкониятҳои ҷисмонии инсон равона карда шудааст.
Ин китоб ҳамчун ёвар барои ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои мустақилонаи варзишӣ тавсия карда мешавад. Умедворем, ки он барои баланд бардоштани фаъолнокии шумоён, омодагӣ ба фаъолияти оянда кумак мерасонад.
Китоби дарсӣ инчунин барои шавқовартар гузаронидани вақти холии шумоён, солимгардонӣ, тарбияи иродаю матонат, устуворию ташкилотчигӣ кӯмак мерасонад.
Машғул шудан бо машқҳои ҷисмонӣ талаботи ҳамарӯзаи шумоён хохад гашт. Зеро ҳамаи шумо орзуи боқуввату чолок, тобовару зебо шуданро доред ва мехоҳед дорои малакаҳое бошед, ки барои ҳар яки шумо дар ҳаёт лозим мегарданд.
Диққат диҳед: китоби мазкур танҳо барои хониш набуда, барои истифодаи доимӣ мебошад. Он ҳангоми машқҳои ҷисмонии мустақилона барои шумо ёрдамчии беминнат мегардад. Расмҳо ва тавзеҳот дар иҷрои машқҳои душвор ёрӣ мерасонанд. Вале агар чизе нофаҳмо бошад, барои маслиҳат ба муаллими тарбияи ҷисмонӣ, мураббӣ, духтури мактаб ё ба падару модаратон муроҷиат намоед.
Саломат бошед!
Калидвожаҳо: Китоби Тарбияи чисмони. Синфи 10-11, Лидия Губанова, Шоди Сафаров, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)