PDF
Таърихи адабиёти тоҷик (аз аҳди қадим то оғози асри XIII). Мисбоҳиддини Нарзиқул, Худоӣ Шарифов
Дар бораи китоб
Таърихи адабиёти тоҷик (аз аҳди қадим то оғози асри 13). Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.
Ин асар ба сифати китоби таълимии таърихи адабиёти тоҷик аз аҳди қадим то оғози асри ХIII пешниҳод шудааст. Мундариҷаи он баҳси осори мактуб ва адабии замони қадим то охири аҳди Сосониён, ҷараёни пайдоиши анвои адабӣ ва шинохти имрӯзаи онҳо тибқи маводи то давраи ислом, мавзӯъҳои марбут ба зуҳур, такомул ва таҳаввули адабиёт ба забони порсии дариро, ки фарогири масъалаҳои авзои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, адабӣ, ривоҷи адабиёт дар давраҳои гуногуни таърихӣ, ҳавза ва доираҳои адабӣ, намояндагони бузурги илму дониши замон, намояндагони бузурги адабиёт дар давраҳои таърихӣ, ҷараёни тасаввуф ва таъсири он ба адабиёт, намояндагони адабиёти тасаввуфӣ ва вазъи таърихии наср мебошад, дар бар мегирад.
Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, омӯзишгоҳҳо, омӯзгорони фанни адабиёт ва сойири алоқамандон пешниҳод мешавад.