Таърихи халқи тоҷик (Ибтидои асрҳои миёна). Синфи 6. Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ

Муаллиф: Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ

Бахш: Китобҳои дарсӣ / Синфи 6

Барчасп: Таърих

Ношир: Маориф, Нашри Мубориз

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2023

Саҳифа: 232

Андоза: 11 МБ

Китоби дарсӣ барои синфи 6-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри IV.


Таърихи ибтидои асрҳои миёна аз асри III то асри VIII милодиро дар бар мегирад. Дар таърихи халқи тоҷики ин давраҳо дигаргуниҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба амал омадаанд.

Аввалан, дар ин давра ҷомеаи ғуломдорӣ ба ҷомеаи деҳқонӣ (феодалӣ) иваз мешавад. Сабабаш он буд, ки дар тули мавҷудияти бисёрасраи худ дар ҷомеаи ғуломдорӣ номувофиқиҳои зиёде дар сохтори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба вуҷуд омада, муқобили якдигар амал мекарданд ва бо мурури замон сохти навро ба вуҷуд оварданд. Сохти деҳқонӣ аз ҳар ҷиҳат нисбат ба ғуломдорӣ беҳтар ва пешқадамтар буд.

Барои чӣ мо сохти деҳқонӣ мегӯем? Дар таърихи замони шуравӣ ин давра ва сохторро феодалӣ мегуфтанд. Вожаи феодалӣ аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънояш дорандаи замин, об, пул, мол (чорво) ва ғайра мебошад. Дар таърихи Аврупои Ғарбӣ (Олмон, Фаронса ва Англия) дорандаи заминро феодал мегуфтанд, ки ба хизматчиён, хусусан ҳарбиён, туҳфа мешуд ва он меросӣ аз насл ба насл мегузашт.

Мардуми тоҷик–ориёиҳо дар ибтидои асрҳои миёна табақаи заминдор, давлатмандони бузургро деҳқон меномиданд. Деҳқонон замини зиёд, деҳаҳо, рамаи чорво ва обу конҳо доштанд. Деҳаҳо бо одамонаш дар ихтиёри деҳқон буданд ва ба манфиати он кор мекарданд. Яъне деҳқони ибтидои асрҳои миёна мафҳуми пурраи истилоҳи «феодал»-и аврупоиро ифода мекунад. Калимаи «деҳқон» ба маънои ашроф, ориёинажод, шоҳзода, тоҷик низ истифода шудааст.

Масалан, устод Фирдавсӣ мегӯяд:

Зи гуфтори деҳқон кунун достон
Бипайвандам аз гуфтаи бостон.


Калидвожаҳо: Китоби Таърихи халки точик (Ибтидои асрхои миёна). Синфи 6, Таьрихи халки точик (Ибтидои асрхои миёна). Синфи 6, Тарихи халки точик (Ибтидои асрхои миёна). Синфи 6, Юсуфшохи Яъкубшох, Юсуфшохи Яькубшох, Юсуфшохи Якубшох, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)