
Китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри чорум.
Хонандагони азиз!
Шумо дар синфи 5 таърихи дунёи қадимро омӯхта, дар бораи халқу давлатҳои он замон маълумоти зарурӣ ба даст овардед. Ин донишҳо ба шумо барои фаҳмидани таърихи асрҳои миёна замина фароҳам меорад. Китоби дарсии таърихи асрҳои миёна аз оғози асри III то нимаи дуюми асри XV-po дар бар гирифта, яке аз марҳалаҳои муҳимми таърихи башарро инъикос менамояд. Дар ин китоб бо халқу давлатҳое шинос мешавед, ки нисбат ба халқу давлатҳои дунёи қадим дар марҳалаи баландтари
пешрафт қарор доштанд.
Давлатҳои асримиёнагиро феодалӣ-мулкдорӣ мегӯянд, чунки дар онҳо ҳокимияти подшоҳӣ, королӣ, императорӣ ва ё султонии меросию мутлақ буда, ашрофон соҳибони асосии замину дороии дигар буданд. Сохти феодалӣ дар ҳар як давлати асримиёнагӣ, ғайр аз нишонаҳои умумӣ, хусусиятҳои хосси худро дошт, ки ба онҳо ҳангоми омӯзиши китоби дарсӣ шинос мешавед.
Дар ин қисмати таърихи умумӣ ба давлатҳои машҳури асрҳои миёна диққати калон дода шудааст. Онҳо симои воқеии ин давраро муайян намудаанд. Дар байни онҳо Сосониён, Ҳайтолиён, Ҳоқонии Турк, давлати Франк, империяи Карли Кабир, империяи Византия, Хилофати Араб, Сомониён, давлатҳои Чин, Ҳиндустон, Ғазнавиён, Хоразмшоҳиён, Ғуриён, Куртҳои Ҳирот, империяи Муғул, Фаронса, Британияи Кабир, Олмон, Русия, империяи Темуриён, Сафавиёни Эрон, Султонии Туркҳои Усмонӣ, Темуриёни Ҳинд ва давлатҳои Амрико ҳастанд.
Дар китоби дарсии мазкур муносибатҳои байниҳамдигарии давлатҳои асримиёнагӣ, идораи давлат, масъалаҳои ҷанг ва сулҳ, рушди кишоварзӣ, касбу ҳунар, тиҷорат, ба вуҷуд омадани олоти нави меҳнат, корхонаҳо ва пешрафти илму фарҳанг маълумоти муфассал пешниҳод карда шудааст.
Хуллас, таърихи асрҳои миёнаро омӯхта, шумо аз он ҷиҳатҳои гуногуни ҷомеаи асри миёнаро дарёфта, донишу малака ва ҷаҳонбинии худро васеъ хоҳед кард.
Калидвожаҳо: Китоби Таърихи умуми. Таърихи асрхои миёна. Синфи 6, Таьрихи умуми. Таьрихи асрхои миёна. Синфи 6, Тарихи умуми. Тарихи асрхои миёна. Синфи 6, Зиёзода Таварали Нозимпур, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)