
Китоби дарсӣ барои синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри 3-юм.
Либосдӯзӣ яке аз касбҳои қадимтарин буда, онро ба духтарон аз синни хурдӣ ёд медоданд. Ҳар як духтар бояд барои худ дӯхтани либос ва ороиш додани онро ёд гирад.
Ба рафтору кирдори одам пеш аз ҳама аз рӯйи тарзи либоспӯшӣ ва намуди зоҳириаш баҳо медиҳанд. Либоси одамро дида, мо доир ба мӯд, тарҳ, ороиши либос ва ғайра тасаввурот пайдо мекунем. Шинамӣ ва ба тан мувофиқ будани либос ба тарзи дӯхти он вобаста аст. Духтарон бояд қобилияти эҷодкорӣ, эҳсоси баланди зебопарастӣ, малакаю маҳорат ва завқи баланд дошта бошанд; технологияи дӯхтани либосҳои занона, кашидани нақша, сохтани қолаб, хосиятҳои матоъро донанд ва доир ба мошинаи дарздӯзӣ маълумоти пурра дошта бошанд.
Духтарон аз китоб оид ба чокҳои дастӣ, қисмҳои мошинаи дарздӯзӣ, технологияи таҳияи куртаи миллӣ, намудҳои гиребон, остин ва камзӯлчаҳои гуногун, тарзи дигаргунсозии қисмҳои асосии куртаи миллӣ, амсиласозӣ, ҷулоҳӣ, нигоҳубин ва таъмири либос, интихоби касб, асосҳои истеҳсолот, барқ дар рӯзғор маълумоти мукаммал гирифта, аз рӯйи лоиҳаҳои эҷодӣ ва моделҳои дар китоб овардашуда барои худ намуди маъқули куртаи замонавиро интихоб карда метавонанд.
Онҳо дар асоси омӯзиши ин китоб дӯхтани маснуот ва пухтани хӯрокҳои гуногунро ёд мегиранд, ҳамчунин бо сохт ва тарзи кори яхдон, чангкашак, мошинаи ҷомашӯйӣ, дарзмолҳои барқӣ шинос мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм пайваста кӯшиш менамоянд, ки низоми таълимро ҳамқадами замон гардонида, барои ба низоми ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид намудани таҳсилоти миллӣ тадбирҳо андешанд. Соли 2012 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020»-ро тасдиқ кард. Таълими ба ташаккули босалоҳият равонагардида салоҳиятҳои асосии таълими хонандаро дар баробари дониш, маҳорат ва малака ба сифати яке аз натиҷаҳои таҳсилот баррасӣ менамояд.
Мувофиқи стандарти фанни технология (таълими меҳнат) барои синфи ҳаштум аз рӯйи панҷ самт салоҳиятҳои фаннӣ ташаккул дода мешаванд.
Калидвожаҳо: Китоби Технология (таълими мехнат барои духтарон). Синфи 8, Технология (таьлими мехнат барои духтарон). Синфи 8, Технология (талими мехнат барои духтарон). Синфи 8, Клара Обидова, Мавлуда Рузиева, Мунзифахон Алиева, Рухшона Рустамова, Субхон Исломов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)