
Технологияи иттилоотӣ (информатика). Китоби дарсӣ барои синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
Хонандагони азиз! Инак, шумо соли равон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро хатм хоҳед кард. Ҳоло андаке таваққуф кунед ва аз он фосилае, ки тайи ин муддат илму донишро аз бар кардаед, натиҷигирӣ намоед. Дар ин муддат шумо ба камол расидед, соҳиби донишу малака ва таҷрибаи муайяни рӯзгор гаштед. Мактаб ба шумо равзанаи зиёди илмҳои соҳаҳои гуногунро боз кард. Кадоми онҳо дар ҳаёти ояндаи шумо бештар лозим меояд ва кадомаш камтар – ин ба он вобаста аст, ки шумо кадом навъи фаъолияти касбиро интихоб менамоед.
Дар ҳар сурат шумо бояд ба як нукта қатъан мутмаин бошед: он донишҳое, ки тавассути дарсҳои технологияи иттилоотӣ аз бар намудед, ҳатман дар фаъолияти минбаъдаи шумо ба кор хоҳанд омад. Ин талаботи давру замон аст. Фаромӯш насозед, ки мо дар асри информатика ва технологияҳои муосир умр ба сар мебарем ва майл ба ҷомеаи иттилоотӣ дорем. Ҳар қадамамон моро дар ин аср ба татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ҳидоят менамояд ва фосилаи расидан ба қуллаи муродро боз ҳам наздиктар мекунад.
Шуморо зарур аст, ки дар ҷомеаи иттилоотӣ кор ва зиндагӣ кунед. Ва аз хотир ҳеҷ гоҳ набароред, ки захираи муҳимтарин ва асосии ин ҷомеа иттилоот ба ҳисоб меравад. Вобаста ба он ки шумо бо иттилоот чӣ гуна кор карда метавонед, на танҳо ояндаи худ, балки ояндаи миллат ва мамлакатро муайян хоҳед кард.
Технологияҳои иттилоотии муосир ба тамоми самтҳои ҳаёти мо реша давондаанд. Онҳо ба таври муттасил муҳити атрофи моро дигаргун месозанд. Масалан, чанд муддат пештар тасаввур кардан ҳам душвор буд, ки тавассути телефони ҳамроҳ компютери портативиро бо Интернет пайваст кардан мумкин бошад. Аммо имрӯз ин амал аллакай куҳна гашта, ҳатто аз байн низ рафтааст. Бо рушди технологияҳои нави бесим акнун ҳар як шахс имконият пайдо кардааст, ки бо ёрии худи телефони ҳамроҳ ба Интернет пайваст шавад.
Ҳамарӯза ба ҷойи технологияҳои нисбатан куҳнашуда технологияҳои навбанаву муосири иттилоотӣ зуҳур менамоянд ва сайри хаёлоти дирӯзаи моро ба воқеият табдил медиҳанд. Мо метавонем ин ҷо мисолҳои бешумори татбиқи технологияҳои иттилоотиро дар тамоми самтҳои ҳаёт бо истифода аз техникаи компютерӣ ёдовар шавем. Аммо ҳоло ба ин иктифо карда, ҷомаи амал пӯшонидани онро ба худи шумо ҳавола мекунем.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки шумо аллакай бо технологияҳои маъмултарини кор бо компютер шинос ҳастед. Пас, боз кадом корҳое боқӣ мондаанд, ки онҳоро анҷом бояд дод? Корҳои анҷомталаб ҳоло хеле зиёданд. Ин танҳо ба он вобаста нест, ки дар ин 10 соли таҳсил намунаҳои барномаҳои куҳна бо намунаҳои барномаҳои нав иваз шуданд, балки дар ин давра тахнологияҳои иттилоотии комилан нав рӯйи кор омаданд.
Пас аз хатми мактаб шумо ё бо кор фаро гирифта мешавед ва ё таҳсили худро дар мактабҳои олӣ идома хоҳед дод. Аммо ба ҳар куҷое қадам наниҳед, ҳатман аз шумо намоиши маҳорати бо компютер кор карда тавонистан талаб карда мешавад. Агар шумо, воқеан, курси мактаби миёнаро хуб аз худ карда бошед, он гоҳ аз ягон чиз наҳаросед. Донишу маҳорат ва малакаҳои компютерии шумо басандаанд, ки масъалаи дилхоҳро ҳал намоед. Боқӣ аз худи шумо вобаста аст. Вале ҳеҷ гоҳ дар нимароҳ наистед ва бо дониши мавҷудаи худ қаноат накунед, вагарна иқтидорҳои имконпазири худро ҳеҷ гоҳ амалӣ гардонида наметавонед.
Мазмун ва муҳтавои китоби мазкур бояд ба шумо дар истифодаи афзорҳо, муҳити барномавӣ ва амалисозии имкониятҳои зеҳниатон мусоидат намояд. Дар ин китоб маводе пешкаш гардидаанд, ки шуморо бештар ба дунёи компютер ворид месозанд. Шумо дар ин ҷо бо системаҳои гуногуни ҳисоб, тарзи татбиқи онҳо дар компютер ва асосҳои мантиқии кори компютер аз наздик шинос хоҳед шуд.
Тавассути ин китоб шумо ба тақвият бахшидани донишҳои компютерии худ ноил гашта, омӯзиши амиқтари имкониятҳои амалии технологияҳои иттилоотиро дар системаи идоракунии махзани маълумот ба роҳ монда метавонед.
Дар китоб маводи зиёди назариявӣ барои боз ҳам боло бурдани ҷаҳонбинии шумо доир ба ҷомеаи иҷтимоӣ-иттилоотӣ пешкаш карда шудааст. Яке аз бобҳои китоб ба ғанӣ гардонидани донишҳои шумо оид ба технологияҳо ва системаҳои иттилоотӣ бахшида шуда, боби дигарӣ шуморо ба ҷаҳони тарҳрезии компютерӣ ва шаклсозӣ ворид менамояд. Бо ёрии ин китоб шумо донишҳои худро ҳамчунин дар самти татбиқи технологияҳои чандрасонаӣ, омӯзиши озод ва мобайлӣ мукаммал хоҳед кард.
Хулоса, сафинаи хаёлоти шуморо аз нав баҳри бекарони технологияҳои иттилоотӣ ва техникаи компютерӣ интизор аст. Ба шумо дар фатҳи қаърҳои навбанав ва амиқтари ин ҷаҳони пурасрор комёбиҳо орзу мекунем.
Муаллифон
Калидвожаҳо: Китоби Технологияи иттилооти. Синфи 11, Зоир Рахмонов, Исмоил Косимов, Сайъло Мирзоев, Сайьло Мирзоев, Сайло Мирзоев, Толиб Шарипов, Файзали Комилиён, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)