Технологияи иттилоотӣ. Синфи 7. Зоир Раҳмонзода ва дигарон

Технологияи иттилоотӣ (Информатика). Китоби дарсӣ барои синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.


Хонандагони азиз! Шумо дар синфи 7 тавассути фанни «Технологияи иттилоотӣ» бо паҳлуҳои дигари асосҳои техникаи компютерӣ ва технологияҳои коркарди электронии иттилоот шинос хоҳед шуд. Соли ҷорӣ унсурҳои фарҳанги иттилоотии шумо зимни азхудкунии сахтафзорҳои компютерӣ, системаҳои ҳисоб ва ҷомеаи иттилоотӣ дар раванди мукаммалгардонии омӯзиши технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ – технологияҳои коркарди иттилооти матнӣ, савту садоӣ, чандрасонаӣ ва истифодаи онҳо дар барномаҳои рӯнамосоз пурқувват гардонида мешавад.

Бо бахшҳои дигари фан – технологияҳои коркарди иттилооти ададӣ (ҷадвалҳои электронӣ), графикӣ, информатикаи иҷтимоӣ – технологияҳои истифодаи интернет, почтаи электронӣ, ҳифзи иттилоот, фарҳанг ва амнияти иттилоотӣ ва инчунин, бо технологияҳои барномасозии маъмул, объектгаро, веббарномасозӣ ва ғайра дар синфҳои болоӣ шинос хоҳед шуд.

Омӯзгорони муҳтарам! Тибқи банди ёздаҳуми Протоколи маҷлиси машваратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2022, №14/1 барномаи таълим ва китоби дарсии фанни технологияи иттилоотӣ барои синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷиҳати таҳким ва баланд бардоштани огоҳии насли наврас доир ба технологияҳои рақамӣ-инклюзивӣ таҷдиди назар шудааст. Аз ин рӯ, хоҳишмандем фикру андешаҳои худро вобаста ба мазмун ва сифати китоби мазкур ба Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ ва илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоед.

Муаллифон


Калидвожаҳо: Китоби Технологияи иттилооти. Синфи 7, Зоир Рахмонзода, Исроил Саидзода, Файзали Комилиён, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)