
Услубшиносӣ дар шӯъбаҳои филологияи мактабҳои олии республика таълим дода мешавад, вале доир ба ин фан то ҳол китоби дарсӣ таълиф нашудааст.
Ба плани таълимии мактабҳои миёна дохил карда шудани баъзе масъалаҳои услубшиносӣ ҳам зарурати беҳтар кардани сифати таълими онро ба миён мегузорад. Вале бе китоби дарсӣ ба тарзи мукаммал омузонидани тамоми воситаю имконияти услубии забон хеле душвор аст. Албатта, барои навиштани чунин васоити таълимӣ, ки ҳамаи масъалаҳои услубшиносиро дар бар гирифта, талаботи хонандаро пурра конеъ гардонида тавонад, пеш аз ҳама, системаи услубҳои забони точи- ки, хусусиятҳои лексикию грамматикии онҳоро ҳарҷо- ниба тадқиқ кардан лозим аст.
Машқҳои ин маҷмӯа аз рӯи материал ва хулосаҳои илмии забоншиносон ва мисолҳои адабиёти бадей ва матбуоти тоҷик, ки дар давоми таълими услубшиноси дар шӯъбаҳои филология ва журналистикаи Универ- ситети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин гирд овардаем, тартиб дода шудаанд.
Калидвожаҳо: Китоби Услубшиноси, Бахриддин Камолиддинов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)