
Забони арабӣ (китоби дарсӣ барои синфи 11).
Дар шароити кунунии Тоҷикистон ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои байналхалқӣ аз ҷониби ҳукумат ғамхории зиёде зоҳир гардида, таълиму тадриси забони арабӣ арзиши наве пайдо кард.
Аз ин хотир китоби дарсии «Забони арабӣ» барои синфи 11-уми мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои амалӣ намудани «Барномаи забони арабӣ барои синфҳои 5–11-и мактабҳои таҳсилоти умумӣ», ки аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 нашр шудааст, таҳия гардид. Мӯҳтавои китоб ба талаботи барнома мутобиқ буда, ба мавзӯъҳои сарфию наҳвӣ бо маводи сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва пандуахлоқӣ таъмин карда шудааст.
Забони арабӣ аз асрҳои миёна то имрӯз дар ҷаҳон мавқеи илмиву фарҳангии худро аз даст надода, ҳатто имрӯз ҳам дар қатори шаш забони байналхалқӣ — англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, русӣ ва испонӣ дар Созмони Милали Муттаҳид мавриди истифода қарор дорад.
Омӯхтани забонҳои хориҷӣ дар даврони соҳибистиқлолии халқи тоҷик, барои таъмини алоқаҳои фарҳангию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва равобити дипломатӣ бо кишварҳои олам зарурати бештаре пайдо кардааст.
Ҳадафи китоби дарсии мазкур чун идомаи дастурҳои таълимии «Забони арабӣ» такмилу пурқувват сохтани дониши хонандагони мактабҳои миёна доир ба қонуну қоидаҳои сарфу наҳв (грамматика)-и забони арабӣ, шиносонидан бо матнҳои содае, ки ба завқу талаботи мактаббача мувофиқ бошанд ва тарзи дуруст хондани матнҳо ба забони арабӣ мебошад. Умедвор ҳастем, ки китоби дарсии «Забони арабӣ» барои синфҳои 11–ум дар роҳи таълим ва омӯзиши ин забон, ки бо фарҳанг ва забони миллатамон пайванди қавиеро доро мебошад, як дастовези судманд гардад.
Калидвожаҳо: Китоби Забони араби. Синфи 11, Бехруз Рахимов, Ситам Рахимов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)