Забони модарӣ. Синфи 1. Азим Байзоев ва дигарон

Китоби дарсӣ барои синфи 1-ум


Бачаҳои азиз, шумо «Алифбо»-ро хатм кардед. Акнун хондан ва навиштанро ёд гирифтед. Офарин! Хондан ва навиштан калиди дониш аст. Бо ин калид шумо дарвозаҳои донишро як-як кушода, ба боғи маърифат ворид мешавед.

Китоби «Забони модарӣ» шуморо ба сайругашт ва ҷустуҷӯ дар «Боғи дониш» даъват мекунад. Дар ин сафари шавқовар дӯстони ҳамсолатон Азизҷону Азиза ва бобои Хирад ҳамроҳи шумо хоҳанд буд.

Онҳо ба шумо одоби салом, шинухез, ҳурмати падару модар, эҳтироми устод ва калонсолон, беҳтар хондану навиштан ва суҳбат карданро ёд медиҳанд.

Онҳо шуморо ба сайри боғу гулзор, дашту саҳро, кӯҳу дарё мебаранд.

Онҳо ба шумо дар бораи ҳайвоноту паранда- гони гуногун ҳикоят мекунанд.

Онҳо шуморо ба тамошои шаҳру деҳа мебаранд. Шуморо бо маҳсули дасти инсон ошно месозанд.

Афсонаҳои шавқовар мегӯянд, шеърҳои хуб мехонанд. Бо шумо бозӣ мекунанд.

Бобои Хирад ба шумо чӣ будани Ватан, дӯстӣ ва бузургии инсонро мефаҳмонад.

Бо онҳо дӯст шавед. Ҳамроҳи онҳо кор ва машқ кунед. Ҳамсуҳбати онҳо шавед. Ёд гиред. Доно шавед! Он гоҳ тавоно хоҳед шуд!

Сафаратон бобарор бод, бачаҳои азиз!


Калидвожаҳо: Китоби Забони модари. Синфи 1, А. Ахмадбекова, А. Байзова, Г. Машокирова, Ч. Абдуллоев, Ч. Зубайдова, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)