Забони тоҷикӣ. Китоби дарсӣ барои синфи 11-ум.
Мунаққиди маъруфи рус В. Г. Белинский гуфта буд, ки омӯзиши грамматика ҳадди муайян дорад: дуруст ва беғалат баён кардану навиштани фикрро ёд медиҳад. Вале фикрро чӣ тарз беҳтар ва шевотар ифода кардан мумкин аст, вазифаи грамматика нест. Ин вазифаи «синтаксиси олӣ», яъне услубшиносӣ ва ҳусни баён аст.
Хонандагони ҷавон, китоби дарсие, ки ҳоло дар даст доред, ҳамин ҳадафро дунболагир аст, ки дониши дар зарфи даҳ сол андӯхтаи шуморо пурратар гардонад, то ки шумо бо забони модарӣ на танҳо беғалат фикри худро шифоҳӣ ё хаттӣ ифода карда тавонед, балки суханони шумо пурмаъно, фасеҳ ва муассир бароянд. Барои ин лозим меояд, ки дар аввали китоб баъзе мавзӯъҳои асосии овошиносӣ (фонетика), имло, талаффузи сареҳ (орфоэпия), вожашиносӣ (лексикология), фразеология, калимасозӣ, сарфу наҳв (морфология ва синтаксис)-ро, ки дар ҷараёни таҳсили даҳсолаатон аллакай омӯхтаед, мухтасар такрор намуда, ду мавзӯи нав: матн ва сохтори маъноию грамматикии он ва услубиёту ҳусни баён муфассалтар шарҳ дода шавад.
Аз тадқиқоти забоншиносон маълум гардид, ки дар омӯзиши забон, ҳосил намудани малакаи озод баён кардани фикр ба тариқи хаттӣ ё шифоҳӣ, донистани матн, тарзи сохтани он, муносибатҳои маъноию грамматикии ҷумлаҳо дар дохили матн, воситаҳои мухталифи ифодаи он муносибатҳо аҳамияти бузург доштааст. Гузаштагони мо ҳам нозукиҳои илми забони модариро аз матни ғазалиёти Ҳофиз, ашъори Мирзо Бедил ва дигар саромадони каломи бадеъ
омӯхтаанд. Ин бесабаб нест, зеро тамоми нозукиҳои маънои калима ва унсурҳои грамматикии забон дар матн равшантар аён мегарданд.
Дар китоб ба ҳамаи масъалаҳои услубшиносӣ дахл накарда, танҳо дар бораи услубиёти забон, бо истилоҳи дигар, панҷ услуби нутқ ва ҳусни баён маълумот дода шудааст. Талаботи замона, татбиқи Қонуни забон низ ҳаминро тақозо мекунад, ки забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои фаъолияти аъзоёни ҷомеа мақоми шоистаи худро ишғол намуда, дар рушди маънавии ҳар фард хизмат намояд.
Калидвожаҳо: Китоби Забони точики. Синфи 11, Бахриддин Камолиддинов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
