Зафар (қисса)

Зафар (қисса). Зоҳир Ҳасанзода

Саҳифаҳо
300
Забон
Нашр дар сомона
09.08.2026

Дар бораи китоб

Зоҳир Ҳасанзода аз беҳтарин анъанаҳои рушди адабиёти кӯдакон, аз ҷумла аз комёбиҳои адибони варзидаи насри наврасон амсоли Сотим Улуғзода, Пулод Толис, Абдусалом Деҳотӣ, Мирсаид Миршакар, Болта Ортиқов ва дигарон огоҳ аст. Бинобарин, навиштани сатре чандро нисбати ин китоб ба унвони ба ҷои охирсухан аз ду лиҳоз лозим донистам.

Аввал ин, ки муаллиф рӯзгори пурҳаводиси иҷтимоиро дида, шоҳидаш буд ва ба воқеаҳои он рӯзгор аз мавқеи шабеҳ ба мушоҳидаи манзара аз баландӣ муносибат дорад. Ӯ метавонад, дар ҷое ба рафти ҳодиса шарҳу тавзеҳ бахшад, дар ҷои дигар луқмае чун хулоса ба миён гузорад. Назари моҳиятҷӯӣ ва дидаи ибратбин муҳимтарин фазилати нависандагии адиб ба назар мерасад. Гумон мекунам маҳз ба туфайли чунин хислатҳо ӯ муваффақ шудааст, ки аз рӯзгори ба назари аксар оддиву маъмулӣ сабақҳо дарёфта, андӯхтаҳои нодири хешро обуранги бадей дода ба риштаи наср кашида ва ба ҳукми умум вогузор намояд.

Дуюм, таҳқиқи ташаккули хулқу рафтор, ақидаву гуфтори наврасон, таъсири муҳиту атрофиён ба ин ҷараён меҳвари асосии мавзӯъ ва ғояи қиссаи "Зафар"-ро ташкил медиҳад, ки ҳадафи ниҳоӣ ва матлаби аслии муаллиф - ташаккули шахсияти комили ҷавонро фаро мегирад. Ӯ олами кӯдакону ҷавононро ба чашми худи онҳо мебинад. Аз ин рӯ, қиссааш хушку урён набуда, ҳодисаҳои рангину сабақомӯзро дар худ таҷассум мекунад.

Ҳамин ду нукта кофист, ки асар мавриди баррасии муҳим қарор гирад ва он чун мавод дар низоми таълими адабиёти муосир истифода шавад. Зеро ҷиҳатҳои тарбиявӣ хеле фаровонанд.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Зафар (кисса), Зохир Хасанзода, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).