PDF
Дар бораи муаллиф
Зоҳир Ҳасанзода 21-уми марти соли 1950 дар деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Вай баъди хатми мактаби рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд дар Венгрия адои вазифаи ҷавонмардӣ намуд. Фаъолияти меҳнатии ӯ ҳамчун сардори звенои сабзавотпарварии хоҷагии ҷамоатии "Гулистон" оғоз ёфт. Вай ҳануз аз айёми мактабхонӣ ба матбуоту адабиёт дилбастагӣ дошт. Ба нависандагону рӯзноманигорони номдор Ҳасан Ирфон, Болта Ортиқов, Шодон Ҳаниф, Адаш Истад, Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода ва дигарон даъвои шогирдӣ дорад.
Зоҳир Ҳасанзода соли 1973 муҳаррири идораи радиошунавоии ноҳияи Самарқанд таъин гардид. Чанд сол дар рузномаи "Овози Самарқанд” мудири шӯъба буд. Ҳоло хабарнигори хоссаи "Овози тоҷик" дар вилоят аст.
Китобҳои "Ривояти Оқсой", "Қуллаҳои умед”, “Боз баҳор меояд", "Азизи мардум" ва ғайра ба дасти мухлисони каломи бадеъ расидаанд.
Китобҳои муаллиф
PDF