Зайн-ул-ахбор. Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ

Муаллиф: Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ

Бахш: Адабиёти классикӣ

Барчасп: Таърих

Ношир: Бухоро

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2014

Саҳифа: 416

Андоза: 3 МБ

Ба хатти кирилӣ баргардони Қодири Рустам дар асоси матни «Зайну-л-ахбор» ба иҳтимоми дуктур Раҳим Ризозода Малик, чопи Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, Теҳрон, 1387


«ЗАЙНУ-Л-АХБОР» ВА МУАЛЛИФИ ОН

«Зайну-л-ахбор» танҳо китобест, ки аз Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ боқӣ мондааст. Ин ки Гардезӣ китоби дигаре таълиф карда ё не, маълум нест.

Муҳаққиқон аз баъзе қаринаҳо ба натиҷа расидаанд, ки ин китоб дар васати асри XI мелодӣ, байни солҳои 1050-1052 ва дар замони ҳукумати Абумансур Абдуррашид ибни Маҳмуд таълиф шуда ва ба ин амири ғазнавӣ бахшида шудааст. Муҳаққиқон номи китобро низ баргирифта аз лақаби ин подшоҳ, ки «Зайну-лмилла» будааст, медонанд.

Абусаъид Абдулҳай ибни Заҳҳок ибни Маҳмуди Гардезӣ, чунонки аз нисбааш пайдост дар шаҳри Гардез, ки дар фосилаи роҳи якрӯза аз Ғазна ба Ҳинд воқеъ буд ва ба ҳадси муҳаққиқи афғонистонӣ Абдулҳайи Ҳабибӣ тақрибан дар соли 400 ҳиҷрӣ, баробар бо 1008-1009 милодӣ зода шудааст. Вай аз ҷавонӣ ба хидмати дарбори султон Маҳмуд ҷалб мешавад ва чунонки дар китоби хеш ишора мекунад, дар чандин сафару ҳамлаҳои ӯ ба Ҳинд, Нимрӯз, Ироқ, Хоразм иштирок карда будааст. Ҳамчунин аз матни китоб маълум мешавад, ки Гардезӣ бо донишманди бузурги ҳамзамони хеш Абурайҳони Берунӣ, ки низ ба хидмати дарбори Ғазнавиён ҷалб шуда буд, робитаи дӯстӣ ва ҳамнишинӣ доштааст.

«Зайну-л-ахбор» навъе донишнома аст ва муаллиф бештар ба масоили таърих ва мардумшиносӣ пардохтааст. Гардезӣ дар мавриди офариниши замину замон, ахбори анбиё, таърихи подшоҳони ҷаҳон (бештар ва батафсилтар эрониён), хулафои ислом, амирони Хуросон, идҳо ва расму ойини адён ва ақвоми мухталиф (мусалмонон, ҷуҳудон, тарсоён, муғон ва ҳиндувон), андар шинохт ва ансоби мардумони мухталиф (туркон, зангиён, румиён, ҳиндувон) иттилоъоти мухтасар, вале муфид медиҳад.


Калидвожаҳо: Китоби Зайн-ул-ахбор, Абусаъид Абдулхайи Гардези, Абусаьид Абдулхайи Гардези, Абусаид Абдулхайи Гардези, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)