Зебоӣ (ҳикояҳо). Антон Чехов

Муаллиф: Антон Чехов

Бахш: Адабиёти ҷаҳон, Ҳикоя

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Саҳифа: 125

Андоза: 1 МБ

Тарҷумон: Обид Шакурзода


МАРДИ ТАНҲОРО ҲАМА ҶО БОДИЯ АСТ

Антон ЧЕХУФ бо панҷ бародару як хоҳар, аз хонаводаи як баққоли камҳол, дар муҳити беҳуқуқии Русияи подшоҳӣ, ҳанӯз аз наврасӣ бо фақру ранҷи муҳтоҷӣ, аммо бо умеди саъодати инсонӣ заҳамоти хастанопазири мондагор кашид. Муҳити ӯ тимсоли бешае буд, ки гурги ҳирсу нафсу истисмор ҳама омолу ормони ситудании башарро беамон сайд мекард. Дар ин фазо инсон ба сурат инсон менамуд, дар сират – ба фармудаи ҳазрати Мирзо Бедил, бӯзинае гашта буд маҳви таманно ба куни сурхи худ, балки харгӯшсифат тарсу, рӯбаҳмиҷоз бо макру ҳила, кафторосо ифлосу ғажд, хӯктабъи бандии нафсу шаҳват, морафгори каҷраву каҷкирдор, каждумхӯйи мудом ба заҳр задан тайёру…ва бадтар аз ин ҷонзодҳои бешуъур буд. Ин муҳит беамону бевақфа аз хурд то калон, бар тору пӯди ҷумла одамон нохуни заҷру зулм мезад: навзоди маъсумеро, ки бояд аз лаҳзаҳои нахуст баҳри зиндагии озоду ободу ормонӣ гом бардорад ва ё модари мушфиқеро, ки бо нозу фараҳ аз бахту иқболи фарзанд биболад, ё хоҳару бародари ҷонпайвандеро ки бо хоҳарию бародарӣ дарвозаҳои тозаи эҳсону накӯиро боз намояд, падари ҷафокашеро, ки аз нашъати заҳамоти рӯзафзуни хеш дар гармову сармо ҷону руҳи тоза бозёбад, ҳамчун барда нотавону уфтода ва хору ҳақир сохта буд. Он низом низоми ҷонварони ҷангал буд – ҳар кӣ ҳоким буд, ӯ хоҷаву мавло буду азизу доро, ва аммо дигарон чокару нотавон, овора ва гадойи сарсони ин «мулки Доро».! Чунин қонуни беқонунӣ мувофиқу мутобиқ бо мароми гурӯҳи ҳоким дар раъси як сарвари мутлақу хонаводаи бебандубори ӯ бедод мекард. Марги он кишвар бод, ки низому қонунаш иродати як ҳокиму хонадони он бошад!


Калидвожаҳо: Китоби Зебои (хикояхо), Антон Чехов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)