Абдушариф Боқизода
Абдушариф Боқизода
10.01.1964 — 26.09.2024
3 китоб дар китобхона

Дар бораи муаллиф

Абдушариф Боқизода (Боқиев Шариф; 10 январи 1964, Қаротегин, ноҳияи Рашт, вилояти Ғарм, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 26 сентябри 2024, Душанбе, Тоҷикистон) — ховаршинос, донишноманавис, донишманд ва пажӯҳишгари улуми исломӣ. Муаллифи рисолаҳои «Фиқҳи исломӣ» ва «Тафсири навини Қуръони карим».

Зиндагинома

Абдушариф Боқизода 10 январи соли 1964 дар Қаротегин ба дунё омадааст. Падару модараш аз аҳли илму фазл ва огоҳ аз донишҳои адабию илмии калассикӣ будаанд. Аз ин рӯ тарбияти падар дар роҳи илмии вай муассир будааст. Баробари таҳсил дар мактаби миёна, ҳамчунин дар назди чанде аз шахсиятҳои маъруфи мазҳабӣ дар Рашту Кофарниҳону Душанбешаҳр таҳсили илм карда, ба улуми сарфу наҳв, фасоҳату балоғат, тафсиру аҳодис ошно шуд ва тадриҷан ба таснифот пардохта, чанд рисолаеро манзури умум кард. Нахустин асараш «Ислом раҳнамои халқҳо» аст, соли 1985 чоп шуд.

Таҳсилоти олӣ

Абдушариф Боқизода соли 1994 риштаи забони арабии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов ва соли 2008 риштаи равоншиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст..

Таълифот

  • «Ислом раҳнамои халқҳо» (1985)

  • «Таърихи ислом» (дар ду ҷилд, 1988)

  • «Ошноӣ бо Қуръон» (2004)

  • «Ҳаҷ» (2006)

  • «Рӯзаи моҳи Рамазон» (2006)

  • «Закот» (2007)

  • «Панднома ва ё насиҳатномаи Имоми Аъзам (рҳ) Бойгонӣ шудааст 2 марти 2021 сол.» (2009)

  • «Имоми Аъзам бузургмарди таърихи башарият» (2009)

  • «Фиқҳи исломӣ дар асоси мазҳаби ҳанафӣ» (2011)

  • «Тафсири навини Қуръони карим» (2006, 2009, 2011)

Даргузашт

Абдушариф Боқизода 26 сентябри соли 2024 бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе дар 60-солагӣ аргузашт.

Аз Википедия

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китобхои Абдушариф Бокизода ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).