PDF
Дар бораи муаллиф
20 июли соли 1964 дар деҳаи Моинкаҷи Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи деҳаро соли 1981 хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (қаблан УДТ ба номи В.И.Ленин) дохил гардида, онро соли 1986 ба поён расондааст. Солҳои 1986-1990 омӯзгори мактаби №98-и ноҳияи Рӯдакӣ буд.
Соли 1990 ба сифати афсари тарҷумон дар сафи Неруҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст. Аз соли 1992 то 2000 ҳамчун омӯзгор дар мактаби миёнаи №92 (ҳоло №51)-и ноҳияи Рӯдакӣ идомаи фаъолият бинмудааст.
Солҳои 2000-2001 дар ҳафтаномаи «Оила», баъдан боз дар мактаб кор кардааст. Аз соли 2011 то ҳол муҳаррири шуъбаи нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Омӯзгор» мебошад. Муаллифи як силсила мақолаҳои танқидӣ буда, ҳамчунин, ба навиштани қиссаю ҳикоёт машғул аст. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, «Аълочии матбуоти Точикистон» буда, бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон , Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва Иттифоқи журналистони кишвар мукофотонида шудааст.
Аз соли 2017 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Моҳи декабри соли 2018 китоби «Растагорӣ»—и Шодӣ Раҷабзод барандаи Ҷоизаи «Китоби сол» гардид. Ба наздикӣ китоби ҳикояҳои «Дасти боло»-и адиб сазовори ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикисотон ба номи Садриддин Айнӣ гардид.
Китобҳои муаллиф
PDF